https://sadoimardum.tj

Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ

Илҳоми беохир

№:55 (5107), 06 май 2026, 16:40
6

Мо, дӯстон, чун иттилоъ ёфтем китоб-албоми рассом, профессор, шахсияти шинохтаи олами санъати тасвирӣ, муҷассамасози маъруф Ғафур Ҷӯраев ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ пешниҳод гардидааст, шод шудем, зеро, ба андешаи мо, он ба ҷоизаи мазкур сазовор мебошад. Аз тарафи дигар, қадрдонии заҳмату бозёфт ҳамеша ба эҷодкор илҳоми тоза мебахшад, ки ин ба манфиати кор аст.

Асар, ки фарогири корҳои эҷодии қариб сисолаи муаллиф, аз ҷумла, акси мусаввараҳо, осори санъати монументалӣ ва муҷассамаҳост, ба сифати баланд, бо забонҳои русӣ ва англисӣ интишор шудааст. Дар мавриди ин бозёфти ҳунарии рассоми чирадаст, ки бо мӯқаламу рангҳо соатҳо бо меҳр гуфтугӯву баҳс мекунад, ҳайкалсозе, ки муҷассамаҳояш ифодагари набзи давру замонанд, доктори илмҳои таърих, профессор Лариса Додхудоева, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ, раиси Иттифоқи рассомони Созмони ҳамкории Шанхай Гу Юн мақола навишта, хулосаҳояшонро бо эҳтиром баён намудаанд.

Ғафур Ҷӯраев, профессори кафедраи санъати тасвирии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, то расидан ба соати мурод, яъне пешбарӣ ба мукофоти бонуфузи давлатӣ, дар чорсӯи зиндагиву эҷод марҳилаҳои мухталифро тай бинмудааст. Овони мактабхонӣ дар маҳфили «Рассомони наврас»-и хонаи пионерон фаъолонаву бошавқ ширкат меварзид ва ба сипосномаву ифтихорнома сарфароз мегашт. Шавқи беандоза ба соҳа баъди хатми мактаб варо ба Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов мебарад. Аз устоди шинохтаи соҳа Аҳмад Умаров алифбои санъати наққоширо бо ҳама нозукиҳояш меомӯзад. Баъдтар, дар Эрмитажи шаҳри Ленинград ва осорхонаҳои овозадори шаҳри Москва таҷриба меомӯзад. Сипас, ба хотири ташаккул додани ҳунару истеъдоди худододиаш ба факултети наққошии монументалии Институти давлатии театрию бадеии шаҳри Тошканд ба номи А.Н. Островский дохил шуда, дар устохонаи профессор Валентин Иванович Жмакин дарси маҳорат омӯхтааст.

Ҳанӯз кори дипломии вай дар донишкада, ки «Эҳёи Аҷам» унвон дошт, бо шукӯҳу ҳашамат, риояи санъати композитсия, симоҳои таърихии пурмаъно ва ҳидоятгар, ҷилои рангҳо устодону ҳамсабақонашро ба тааҷҷуб оварда буд. Ин асар дар ташаккули эҷодиёти минбаъдаи рассом як нақши муассири раҳнамоиро бозидааст. Профессор Лариса Додхудоева мусаввараи «Эҳёи Аҷам»-ро муфассал таҳқиқу таҳлил карда, баҳои баланд додааст.

Дар эҷодиёти гуногунпаҳлуи Ғафур Ҷӯраев жанри портрет - портрети шахсиятҳои таърихӣ мақоми хоса дорад ва ин далели он аст, ки рассом дар ин самт низ ба ҷиддияти том кор карда, бо мурури айём ба мартабаи устодӣ расидааст. Ба ин маънӣ, се портрети Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бозгӯи лаҳзаҳои ҳассоси ҳаёташон мебошанд, саҳми беназири Роҳбари давлати навини тоҷиконро дар ташаккули Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таври густурда пеши назар ҷилвагар месозанд.

Портретҳои аллома Бобоҷон Ғафуров, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, Хоҷа Камол, симои занону духтарони тоҷик тахайюли бинандаро ба олами рангҳову ҷаҳони ҷаззоби маънавии қаҳрамонон мебарад.

Мусаввараҳои «Ҳифзи Суғду Бохтар», «Роҳи абрешим», «Амир Исмоили Сомонӣ ва вазирон», «Асри тиллоӣ», «Рушду нумӯи Тоҷикистон», «Файласуфон», «Сарчашма» асарҳои марҳилавии Ғафур Ҷӯраев ба шумор рафта, гувоҳи онанд, ки муаллиф таърихи пуршарафи гузаштагонро хуб омӯхтааст ва бо тамоми ҳастӣ кӯшидааст ҳамзамононаш ба марҳилаҳои муҳими давлатдории миллӣ, сабабҳои айнию зеҳнии авҷу равнақи илму адабиёту ҳунар фурӯ раванд, симоҳои тобноки он айёмро бишносанд ва аз кашфиёту боз­ёфтҳои таърихиашон баҳра бардоранд.

Табиист, ки ин гуна мусаввараҳо бидуни шарҳу эзоҳ баҳри ташаккули эҳсоси наҷиби меҳанпарастӣ, дарки маънои хизмати садоқатмандона ба Ватан ва шинохти масъулияти инсонӣ мусоидат менамоянд.

Албом чаҳордаҳ натюрморти гуногун­услубро гирд овардааст, ки онҳо бо латофату нозукӣ хаёли касро ба парвоз меоранд. Мусаввараҳои «Тангкӯчаи холӣ», «Айнӣ. Хушекат.», «Ворух», «Кӯҳҳо», «Мастчоҳи кӯҳӣ», «Хенон», «Ханҷоу», «Угук», «Вохӯрӣ дар кӯҳсор», «Шаҳри куҳнаи Кошғар», «Кӯҳсори Фони Тоҷикистон» манзараҳои ботинан шоиронаю дилангези табиат, макони зисти одамон ва сароғози ёддошти даврони мозиро пеши назар меоранд. Бағоят рамзист, ки китоб-албоми мазкур бо акси муҷассамаи «Дуои модар» оғоз мешавад. Ҳамоне, ки дар даромадгоҳи Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд қомат афрохтаву ба ҳазорон мусофир дуои роҳи сафед медиҳад.

Он таҷассумгари фазлу заковати азалии модари тоҷик буда, нигоҳаш моломоли меҳру муҳаббат, файзу баракат ба зиндагӣ, ба фарзандон аст.

Ғафур Ҷӯраев ба шарофати соҳиб­истиқлолӣ дар ҷодаи ҳайкалтарошӣ ба ­комёбиҳои назаррас ноил гаштааст. Муҷассамаҳои бунёдгузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар яке аз боғҳои пойтахт, академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзеи оромгоҳи Лучоб, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ дар боғи зебои ҳамном, шоҳ Исмоили Сомонӣ дар Зафаробод, Нақибхон Туғрал ва Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар ноҳияи Айнӣ ба сокинони мамлакат ошноянд. Дар ифтитоҳи ботантанаи аксари ин муҷассамаҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ширкат варзида, ба ҳунари муаллиф баҳои арзанда додаанд. Ба иқрори Ғафур Ҷӯраев, ҳар сухани Роҳбари давлат оҳанги руҳбаландкунанда дорад ва ба корҳои эҷодии ӯ такони ҷиддӣ мебахшанд.

Хирадмандони асрҳои пешин таъкид намудаанд: «Дарки он ки муъҷиза паҳлӯи мо қарор дошт, хеле дер мерасад». Қисме ба хулоса омадаанд, ки «агар расм ба мавҷудот шакл диҳад, ранг ба он зиндагӣ ато менамояд». Қисме талабот пеш овардаанд, ки «рассом бояд муаррих, шоир, файласуф ва мушоҳидакор бошад, тамоми ҳастиашро ба санъат бубахшад...» Ин ҳама сифатҳо, ки аз махсусиятҳои ҳунари рассом мебошанд, дар Ғафур Ҷӯраев мушоҳида мегарданд.

Ҳар ҳаводори санъати тасвирӣ агар китоб-албоми рангоранги ҷаззобу дилкаши Ғафур Ҷӯраевро гаштаву баргашта варақ занад, хаёлан мусаввараву портретҳо, натюрмортҳо, муҷассамаҳои боҳашамати офаридаи муаллифро пеши назар оварда, беихтиёр, ба ҳунари руҳбахш, сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, диди нозук ва дониши баланди муаллиф аҳсант мехонад.

Олимхон РАБИЗОДА,

раиси Академияи мусаввирии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ

Абдуғаффор АБДУҶАББОР,

Ҳамчунин дигар маводҳо: