Сафари Файзалӣ Идизода ба шаҳри Санкт-Петербург
![]()
20-уми майи соли 2026 ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода барои иштирок дар ҷаласаҳои Шурои Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ), инчунин, комиссияҳои доимии ассамблея оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният, масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар кард. Ба ҳайати парламентӣ раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Рустам Шоҳмурод, оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода шомиланд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода дар доираи сафар ба шаҳри Санкт-Петербург бо намояндагони диаспора ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин шаҳр кору таҳсил доранд, мулоқот намуд.
Файзалӣ Идизода доир ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳуриамон тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ ва музаффариятҳои заҳматкашони кишвар бо роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки бо ҳисси баланди ватандӯстию худшиносӣ дар муаррифии шоистаи давлату миллат ва боло бурдани нуфузи кишвар дар хориҷи мамлакат саҳми бештар гиранд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои АБ ИДМ иштирок ва суханронӣ намуд.
Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки барои вакилони парлумони Тоҷикистон иштирок дар кори Шурои ассамблея ҳамеша имкони муҳим барои саҳм гузоштан дар таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ, рушди эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни давлатҳои мо мебошад.
Таъкид шуд, ки ҷаласаи имрӯза аҳамияти хос дорад. Он дар доираи «Соли ҳифзи саломатӣ» дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, ки ба рӯзномаи он мазмуни амиқи иҷтимоӣ ва гуманитарӣ мебахшад. Интихоби ин мавзуъ ҳамчун самти афзалиятноки умумӣ дар фазои иттиҳод бозгӯи дарки умумии он аст, ки саломатии инсон арзиши асосӣ ва пояи рушди устувори ҳар як давлат мебошад.
- Дар солҳои охир кишварҳои мо бо мушкилоти ҷиддӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ рӯ ба рӯ шуданд. Кофист пандемияи COVID-19 ва паёмадҳои дарозмуддати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии онро барои кишварҳои мо ба ёд орем. Ин мушкилот нишон дод, ки самаранокии низомҳои миллии тандурустӣ на танҳо аз захираҳои иқтисодӣ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ, балки аз сатҳи танзими қонунгузорӣ низ вобастагии зиёд дорад. Маҳз дар сатҳи қонунгузорӣ асосҳои ҳуқуқие муайян карда мешаванд, ки дастрасии ёрии тиббӣ, ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи тиб, рушди тибби профилактикӣ, ҷорӣ намудани навовариҳо ва таъмини имконятҳои баробар барои ҳамаи қишрҳои аҳолиро муайян месозанд, - изҳор дошт Файзалӣ Идизода.
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуд.
Файзалӣ Идизода зикр намуд, ки солҳои охир ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон бо ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии кишварҳоямон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллии мардуми туркман Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов батадриҷ вусъат меёбанд.
Таъкид шуд, ки шарикии стратегӣ ба мо имкон фароҳам меорад, то дар доираи созмонҳо ва платформаҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз қабили СММ, САҲА, ИДМ, ЮНЕСКО ва ғайра, мавқеи ягона дошта бошем.
- Ҳамкориҳои байнипарламентӣ бо Туркманистон имкон медиҳад, ки бо ҳам табодули таҷриба намоем, оид ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мавқеъ ва назари муайян дошта бошем, ташаббусҳои созандаи ҳамдигарро дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ намоем, - изҳор дошт Файзалӣ Идизода.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
