Суханронӣ дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Пеш аз ҳама, ташрифи ҳар яки шуморо ба сарзамини бостонии Тоҷикистон самимона хайрамақдам мегуям!
Барои мо мояи ифтихор аст, ки имрӯз дар доираи Раванди оби Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028» баргузор мегардад.
Ин конфронс ба ташаккули уҳдадориҳои муштараки мо барои таҳкими ҳамкорӣ ва суръат бахшидан ба амалҳо ҷиҳати ҳалли яке аз мавзӯъҳои ҳассоси замони муосир мусоидат мекунад.
Мо иштироки фаъол ва саҳмгузории шуморо дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об баланд қадр менамоем.
Иштирокчиёни гиромӣ,
Тайи солҳои охир Тоҷикистон ба мақсади дар маркази рӯзномаи рушди байналмилалӣ қарор додани масъалаи об як силсила тадбирҳои амалӣ андешид.
Дар ин ҷода кишвари мо тавассути ташаббусҳои худ дар соҳаи об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша дастгирӣ ёфтанд, пайваста талош варзид.
Ҷавҳари ин талошҳои мо аз масъалаҳои баланд бардоштани мақому манзалати об - сарвати бебаҳои ҳаёт – иборат аст.
Тоҷикистон ҳамоно ҷонибдори бархурди мутавозин, фарогир ва ба самараи амалӣ нигаронидашуда мебошад.
Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» гувоҳи возеҳи кӯшишҳои муштараки мо дар ин самт мебошад.
Илова бар ин, баргузории муваффақонаи Конфронси таърихии оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 таҳти мизбонии Тоҷикистону Нидерландия зарурати уҳдадориҳои ҷаҳониро барои тезонидани амалҳо дар соҳаи об возеҳан нишон дод.
Мо дар доираи Раванди оби Душанбе ба талошҳои худ дар самти ташкили платформаи байналмилалии фарогир ва шаффоф идома дода, имрӯз, чун анъана, ҳукуматҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро аз саросари ҷаҳон барои дар амал татбиқ намудани уҳдадориҳои марбут ба об гирди ҳам овардаем.
Бояд эътироф кард, ки бо вуҷуди пешравиҳо дар мавзӯи об, ҷаҳон ҳанӯз ҳам бо як зумра мушкилиҳое рӯ ба рӯ мебошад, ки раванди ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устуворро душвор кардааст.
Ҳоло миллиардҳо нафар одамон ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд, наздик ба 4 миллиард нафар ҳар сол ҳадди ақал як моҳ бо норасоии шадиди об дучор мешаванд.
Тамоюлҳои ҷорӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ин мушкилиҳо дар оянда ба таври назаррас афзоиш хоҳанд ёфт.
Тибқи таҳқиқоти нави коршиносон, талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақал ба 25 фоиз зиёд мешавад ва ин зарурати истеҳсоли 50 фоиз бештари ғизоро барои аҳолии рӯ ба афзоиш тақозо менамояд.
Ҳамзамон бо ин, қариб нисфи аҳолии шаҳрнишини ҷаҳон метавонад бо норасоии об рӯ ба рӯ гардад.
Соҳаҳои нав ва босуръат рушдёбанда, аз ҷумла саноати “сабз”, шаҳрсозӣ, истеҳсоли озуқаворӣ ва инфрасохтори рақамӣ талабот ба обро боз ҳам зиёд хоҳанд кард.
Ин раванд зарурати гузариш ба технологияҳои сарфакоронаи об, мудирияти муассири захираҳо ва ҳамоҳангсозии беҳтари сиёсати об, энергетика ва озуқавориро дучанд месозад.
Илова бар ин, таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла хушксолӣ, обхезиҳо, обшавии босуръати пиряхҳо ва баландшавии сатҳи баҳр вазъи ҷориро дучанд шиддат мебахшад.
Воқеияти зикршуда барои низомҳои аллакай осебпазир фишори иловагӣ эҷод мекунад.
Ин нишондиҳандаҳо танҳо пешгӯӣ нестанд, балки ҳушдори ҷиддӣ ва даъват ба амал ба ҳар яки мо мебошанд.
Иштирокдорони муҳтарам,
Ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилиҳои марбута, Тоҷикистон дар сатҳи милливу минтақавӣ низ чораҳои зарурӣ меандешад.
Дар доираи Барномаи ислоҳоти соҳаи об заминаҳои ҳуқуқӣ ва ниҳодӣ барои татбиқи марҳалавии мудирияти ҳамгироии захираҳои об ба таври назаррас таҳким ёфта, инфрасохтори калидӣ навсозӣ гардидааст, ки аллакай самаранокӣ ва устувории истифодаи обро беҳтар мекунад.
Барои суръат бахшидан ба раванди ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устувор дар кишвари мо Стратегияи миллии об то соли 2040 ва Барномаи давлатии таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт барои солҳои 2025–2029 қабул гардидаанд.
Ин санадҳо афзалиятҳои дарозмуддат ва тадбирҳои мушаххасро барои рушди соҳаи об муайян менамоянд.
Мо ният дорем, ки то соли 2030 татбиқи пурраи мудирияти ҳамоҳангшудаи захираҳои обро дар сатҳи миллӣ ва ҳавзавӣ таъмин намуда, низоми муосири илман асоснок, устувор ва самаранокро таъсис диҳем.
Ҳамзамон бо ин, мо талош дорем, ки то соли 2040 дастрасӣ ба оби мутамарказро ҳадди ақал барои 90 фоизи аҳолӣ таъмин намоем.
Мо тасмим гирифтаем, ки ба ин васила дастрасии ҳар як шаҳрвандро ба оби тозаи ошомиданӣ кафолат диҳем.
Дар баробари ин, Тоҷикистон нақша дорад, ки миқёси технологияҳои сарфакунандаи обро зиёда аз чил баробар афзоиш дода, истифодаи самараноки ин неъмати бебаҳоро ба як абзори калидии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим табдил диҳад.
Гузашта аз ин, мо ният дорем, ки то соли 2040 рақамикунонии мудирияти захираҳои обро то 80 фоиз афзоиш дода, бо ин роҳ шаффофият, самаранокӣ ва устувории қабули қарорҳои марбутаро таъмин намоем.
Дӯстони гиромӣ,
Мо ба рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об аҳаммияти хоса медиҳем.
Ҷиҳати таҳкими минбаъдаи эътимод, шарикӣ ва муколамаи созанда дар Осиёи Марказӣ оид ба ҳалли масъалаҳои муҳимми об ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем.
Тоҷикистон ба Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал ҳамчун платформаи мусоиди минтақавӣ барои баррасӣ ва ҳалли маҷмуи масъалаҳои об ба хотири рушди устувор менигарад.
Вобаста ба ин ва бо дарназардошти мушкилоти муосир ва ниёзҳои кишварҳои минтақа, мо ҷонибдори такмили сохтори ин фонд ва дар чорчӯби он таъсис додани Комиссияи байнидавлатии энергетикӣ барои Осиёи Марказӣ ҳастем.
Ин комиссия метавонад ҳамчун як абзори муҳимми таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва таъмини рушди устувори ҳавзаи баҳри Арал хизмат намояд.
Ҳозирини муҳтарам,
Дар солҳои охир, Даҳсолаи байналмилалии амали об ва Рӯзномаи амали об барои ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба об заминаҳои мустаҳкам фароҳам сохтанд.
Бо вуҷуди ин, дар ҷодаи рафъи ин мушкилот ба нафъи имрӯзу ояндаи сайёра мо ҳанӯз дучори монеаҳои ҷиддӣ ҳастем.
Барои бартараф кардани ин монеаҳо, дар саросари ҷаҳон, дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иқдомҳои назаррас роҳандозӣ мешаванд, ки бояд ягонагӣ ва ҳамкориро дар самти об тақвият бахшанд.
Дар ин росто, мо ба талошҳои мутавозин, муассир ва фарогири манфиатҳои муштарак ниёз дорем.
Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ба мақсади тавсеаи ин талошҳо ва амалисозии онҳо имрӯз зарурати гузариш ба марҳалаи нави ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи об ба миён омадааст.
Аз ин лиҳоз, мо пешниҳод менамоем, ки «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» таъсис дода шавад.
Ин чаҳорчӯб метавонад равандҳои ҷориро дар масъалаҳои об таҳким бахшида, заминаи мусоидро барои ҳамоҳангӣ ва ҳамгироии талошҳои муштарак ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои амалӣ муҳайё созад.
Ҳозирини гиромӣ,
Мо ба марҳилаи ҷамъбастии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” наздик мешавем.
Зарур аст, ки аз ҳоло дар бораи рӯзномаи ҷаҳонии об баъди соли 2030 андеша намоем.
Иқдомҳои мо дар ин ҷода бояд аз дастовардҳои Даҳсола, Рӯзномаи амали об ва таҷрибаи Раванди оби Душанбе маншаъ гирифта, ба ҳалли масъалаҳои рӯзафзуни марбут ба об равона карда шаванд.
Ёдовар мешавам, ки мо дар пешорӯи баргузории силсила ҳамоишҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи об, аз ҷумла Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 ва Саммити Ҳадафҳои рушди устувор дар соли 2027 қарор дорем.
Ҳамзамон бо ин, дар соли 2028 шаҳри Душанбе мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид хоҳад гардид, ки аз Даҳсолаи ҷории байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» натиҷагирӣ хоҳад кард.
Бар ин боварам, ки натиҷаҳои ин ҳамоишҳо ба ташаккули Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 мусоидат хоҳанд кард.
Дар ин раванд, расидан ба натиҷаҳои амалӣ, маблағгузории устувор, ҳамгироии сиёсати об бо иқлиму энергетика, озуқаворӣ ва низомҳои муҳитзистӣ, инчунин, тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ бояд мавзӯъҳои калидии Рӯзномаи нави обро ташкил диҳанд.
Дар ин замина, «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд.
Хонумҳо ва ҷанобон,
Комёб гардидани мо дар ин масир, пеш аз ҳама, ба ҳамкории боэътимод, дарки муштараки мушкилот ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо вобастагӣ дорад.
Биёед, аз имкониятҳои конфронси имрӯза ҳамчун нуқтаи гардиш дар ҳаллу фасли масоили об истифода намоем.
Ҳамаи мо масъулияти муштараки муҳим дорем – ганҷинаи бебаҳои сайёра, яъне захираҳои обро бояд барои наслҳои имрӯзу оянда оқилона ва самаранок идора намоем.
Ҳозирини гиромӣ,
Дар хотима, мехоҳам эълон намоям, ки мо ба мақсади пешбурд ва тақвияти дипломатияи об ва муттаҳид кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ояндаи устувор ва бехатар Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об таъсис додем.
Ин ҷоиза барои эътироф намудани саҳми барҷаста дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва пешбурди роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти ҷаҳонии об нигаронида шудааст.
Ташаккур аз таваҷҷуҳатон.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
