Пешво – марди қавӣ
Эй марди қавӣ, дарк кунӣ аҳли вафоро,
Аз қадри ту бас арҷ ниҳанд асли бақоро.
Бахт аст ба ҳам омада имкону амонӣ,
Дар рӯи ту бинем ҳаме арҷи лиқоро.
Андешаи фитрӣ бикушод асли хурофот,
Дид аҳли таассуф амалу авфу мадоро.
Он аҳду вафоят, ки бувад аз нигаҳи хеш,
Аз қаъри нигаҳ акс кунад даҳри ниёро.
Гуфтӣ, ки ҳаёт аст ҳаме баҳсу талотум,
Навмед наоед, диҳад сабр даворо.
Аз фазлу хирад ҳувияти миллатат афзуд,
Шуд фалсафаи вақту фазо аҳди зиёро.
Эҳё бишуд ин миллату ҳам даври вуҷудаш,
Чун даҳр бидид анҷуману сулҳу сафоро.
Аз меҳру муҳаббат чи қавӣ гашт маромат,
Дар қалб фараҳ кардаӣ бас фатҳи даҳоро.
Чун гашт забон омили таълиму сиёсат,
Фарҳанг забон гашт ҳама ҳарфу ҳиҷоро.
Чун нақшаи дурат ба масал фикру тахайюл,
Бас уқдакушо кардаӣ худ ақли расоро.
Руҳияи миллӣ шуда собит абадуддаҳр,
З-ин мактабу з-ин дарс нигар роҳи раҳоро.
Сарвар шудаӣ бо ҳама урфияти орӣ,
Иршоду муқаддас шумарӣ шарти сазоро.
Иқдоми Ватановарии хоки шаҳидон
Лутфу карамат ҳаст фузун ҳамду саноро.
Чун шарт бишуд ваҳдати миллӣ ба мухолиф,
Бар номаи аҳдаш ту задӣ муҳри ризоро.
Шуд муҳтавию маънавият дарк, Ниҳонӣ,
Кард арзиши назми ту басо панд гуворо.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
