https://sadoimardum.tj

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон

26 май 2026, 11:32
1

25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба ҳамлаи террористии интиҳорӣ ба қатораи мусофирбар дар музофоти Балуҷистони Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки дар натиҷаи он шумораи зиёди одамон ба ҳалокат расида, ҷароҳати вазнин бардоштанд, ба Президент ва Сарвазири ин кишвар муҳтарам Осиф Алӣ Зардорӣ ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд. Дар он, аз ҷумла, омадааст:

“Мо ин амали террористии даҳшатбор ва чун ҳамеша ҳама гуна зуҳуроти терроризмро шадидан маҳкум карда, зарурати муборизаи беамонро алайҳи он боз ҳам таъкид менамоем.

Ба Шумо, мардуми дӯсту бародари Покистон ва пайвандону наздикони ҷонбохтагон маротиби ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро иброз менамоям. Аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам”.

Ҳамчунин дигар маводҳо: