https://sadoimardum.tj

Истиқлолу сулҳу ваҳдат

№:62-63 (5114-5115), 25 май 2026, 18:13
0

Бошад Истиқлол пайваста ба номи Пешво,

Ҳаст сулҳу ваҳдати миллӣ мароми Пешво.

Мақсаду маънои Истиқлол ӯ бикшодааст,

Раҳнамои рушди меҳан дар Паёми Пешво.

Ҳастии миллат, ки эҳё карда ӯ бо нархи ҷон,

Сӯхта мо пухта гаштем аз каломи Пешво.

Гашт Истиқлол дарки ормони аҳли даҳр,

Некуаҳволӣ бувад нақши давоми Пешво.

Миллати мо гашта бас машҳур андар баҳру бар,

Тоҷиконро карда маъруф ин мақоми Пешво.

Шуд забони мо бақои миллату донишварӣ,

Арзиши волои он аҳду мароми Пешво.

Шуд, Ниҳонӣ, асли сулҳи пойдор андар Ватан,

Шаҳсутуни амну осоиш низоми Пешво.

10.05.2026

Ҳамчунин дигар маводҳо: