https://sadoimardum.tj

«Шоҳи қуллаҳо» соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ шуд

№:55 (5107), 06 май 2026, 16:46
4

Филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо», ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, дар Фестивали байналмилалии «Astana Eco Film Festival - 2026» соҳиби ҷоизаи бонуфузи «Best Impact Storytelling Award» гардид.

Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд, филми мазкур ба табиати нодири Тоҷи­кистон ва аҳамияти ҳифзи озодапаланг ё ҳамон бабри барфӣ бахшида шуда, аз ҷониби ҳайати ҳакамони фестивали байналмилалӣ барои мазмуни баланди экологӣ, сифати баланди наворбардорӣ ва паёми муҳими муҳити зист баҳои баланд гирифтааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки фес­тивали мазкур дар доираи саммити минтақавии экологӣ (РЭС-2026), ки 22-24-уми апрели соли 2026 дар Остона, пойтахти Қазоқистон, баргузор гардида буд, намояндагон ва эҷодкоронро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба ҳам овард ва ба матраҳ гардидани масъалаҳои муҳими экология ва рушди устувор мусоидат намуд.

М. Наҷиба,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: