https://sadoimardum.tj

Рамзи суруру ваҳдат, меҳру садоқат

№:55 (5107), 06 май 2026, 16:48
8

Башар ҳамеша ба инсонҳои бузург, ки бо ватанпарастию мардумсолорӣ ва фидокорӣ сарнавишти ҷомеаҳоро рақам задаанд, ниёз дошт ва дорад. Дар ин феҳрист номи устод Турсунзода низ шомил аст. Дар ин замина, ба чанд нукта таваҷҷуҳ мекунем:

Якум. Устод Мирзо Турсунзода чун устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ, бузургтарин чеҳраи адабиёт ва фарҳангу сиёсати миллӣ ба шумор меравад. Қисмат ва зиндагиномаи ӯ оғоз то анҷом аз заҳмат, мубориза, талош ва хидмат дар роҳи ба пирӯзӣ расидани халқу миллати тоҷик ва ақвоми мазлум иборат аст. Номбурда аз мактаби тарбиятии хонаводагию музофотӣ гузашта, бо дарсу дуои аввалин муаллими мактабиаш Абдураҳмон Ғуломӣ соли 1926 ба пойтахт омад ва ба Педкомбинати Душанбе (Омӯзишгоҳи педагогӣ) дохил шуд. Ин муассисаи таълимӣ якумин ятимхона ё интернати Тоҷикистон дар Душанбе буд, ки роҳбариашро Аббос Алиев ба уҳда дошт. Шояд, қобилияти хуби дарсазхудкунӣ ва кӯшишу ғайрати Мирзо Турсунзодаро ба назар гирифта, Аббос Алиев ӯро бо чанд ҷавони дигар барои таҳсили минбаъда ба Дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд мефиристад. Баъд аз хатми он, соли 1930, Мирзо Турсунзода ба Душанбе баргашта, фаъолияташро дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» идома медиҳад.

Дуюм. Аз ҳассосияти солҳои сиюми садаи ХХ, ки бо туҳмату аризаҳои беимзо фарзандони содиқи Ватан, зиёиён мавриди таъқиб қарор гирифта буданд, устод Турсунзода низ дар амон намонд. Алайҳи ӯ мактуби беимзо ташкил намуда, аз рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ронданд ва чунон карданд, ки дигар рӯзномаҳо ҳам ӯро ба кор қабул накунанд. Ӯ соли 1934 халосиашро аз муҳити носолими пойтахт дар фирор сӯйи Хуҷанд мебинад. Ба навиштаи адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик А. Сайфуллоев, дар Хуҷанд ба умеди Ҳаким Карим буд, аммо вайро пайдо накарду бо нависанда Раҳим Ҷалил ошно шуд. Турсунзодаро Раҳим Ҷалил, шоири ӯзбекзабон Аширмат Назаров, Зариф Раҷаб ва рӯзноманигор Тоҷӣ Усмон таҳти сарпарастии худ гирифтанд. Чанде дар он муҳити адабӣ фаъолият карда, бо ба вуҷуд омадани шароити мусоид боз ба пойтахт бармегардад.

Сеюм. Мушаххасоти шоирӣ, ташкилотчигӣ, масъулиятшиносӣ, ватандории устод Турсунзодаро устод Айнӣ пай бурда, боре дар ҳузури Раҳим Ҳошим гуфта будааст: «Ин ҷавони миёнақади пуррарӯйи ҳисорӣ қобилияти аҷибе дорад. Гап фақат дар қобилияти шоирии вай нест, балки ӯ одамонро ба гирди худ ҷамъ карда, муборизаи худхоҳӣ ва худписандиҳоро барҳам дода, пеши роҳи зуҳури гурӯҳбандиҳо ва маҳалчигиҳоро гирифта, ҷиҳатҳои қавӣ ва неки ҳар як аз онҳоро ёфта метавонад ва барои пешрафти адабиёт аз ранҷиш ва озурдагиҳои шахсӣ чашм мепӯшад».

Чорум. Устод Турсунзода баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ба мавзуъҳои сулҳу дӯстӣ ва гуманизм рӯ меорад ва наҷоти башарро, аз ҷумла, мардуми ­азияткашидаи Осиё ва Африқоро аз зулму истибдоди империализми ҷаҳонӣ маҳаки эҷод ва таблиғу ташвиқ қарор медиҳад. Дар ин замина, достонҳои «Садои Осиё» (1955), «Духтари муқаддас» (1955), «Чароғи абадӣ» (1957), «Ҷони ширин» (1960) ва «Дар орзуи ошён»-ро навишт. Дар ин марҳила устод Турсунзода ба ҳайси мунодии сулҳу дӯстӣ дар қораи Осиё ва Африқо маҳбубият пайдо менамояд.

Панҷум. Устод Турсунзода, новобаста аз серкорӣ 200 мақолаву очерк ва қайдҳои сафар ба мерос гузоштааст. Як қисми нутқу гузориш ва мақолаву очеркҳояш дар китоби «Сулҳ бар ҷанг пирӯз мешавад» (1950), қисми дигар дар китоби «Сайёраи инсоният» (1981) ва ҷилди дуюми мунтахаби осори ӯ бо номи «Мақолаҳои адабӣ-танқидӣ ва публитсистӣ» (1985) ба забони русӣ гирдоварӣ шудаанд.

Шашум. Устод Турсунзода, қабл аз ҳама, ҳамчун шоир дили ҳазорон нафар тоҷику тоҷикистониро тасхир намуда буд. Дар ҳар ҷое ва ҳар маҳфиле, ки ҳузур пайдо мекард, боиси шодию сурури мардум мегардид. Ишқу алоқаи бепоён ба мардум ӯро ба рамзи дӯстию рафоқат, меҳру муҳаббат, самимияту мурувват ва садоқату шарофат табдил дода буд. Устод ҳам рисолати шоирро дар сӯхтану сохтан арзёбӣ мекунад ва сӯхту созро ба қисмати шоирӣ тавъам дониста, мефармояд:

Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар?

Пас, макун аз оташи сӯзон ҳазар.

Сӯхтан пӯлоду оҳан офарад,

Аз шароре тоза гулхан офарад...

Шеър ҳам бояд занад фавворае,

Аз танӯри дил чу оташпорае...

Ҳафтум. Устод Турсунзода дар тарбияи насли нави шоирону нависандагон ва рушди адабиёту фарҳанги миллӣ саҳми сазовор гузоштааст. Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Саттор Турсун аз ҳамон ҷумлаанд. Парвардаи мактаби сиёсӣ, адабӣ ва мадании устод Турсунзода Муъмин Қаноат лаҳзаҳои охири зиндагӣ ва насиҳату андарзҳои устодро, ки дар шоҳидии шоир (манзур Муъмин Қаноат аст) ба забон овардааст, чунин ёдоварӣ менамояд: «Ман ба Николай Тихонов занг задам ва аз ҷумла гуфтам, ки ҳам беморам ва ҳам Даҳаи русро дорем ва дар ҷаласаи Кумитаи ҷоизаҳои ленинӣ ва давлатӣ наметавонам ширкат кунам ва лизо ваколати ман низ ба уҳдаи шумост. Ва аммо бо ин хоҳиш, ки вақти ҷаласа «Сурӯши Сталинград»-и Муъмин Қаноат аз ёд наравад». Бо шунидани ин суханон Муъмин Қаноат мегӯяд: «Устод, муҳим саломатии шумост, на ҷоиза». М. Турсунзода мегӯяд: «Бародар, зиндагӣ танҳо ҳамин як роҳ дорад: мубориза барои ҳадафи аслӣ, то охирин нафас...» .

Ҳаштум. Устод Турсунзода дар баробари бузургтарин намояндагони сиёсию мадании даврони шуравӣ, назири Николай Тихонов, Константин Симонови рус, Мирзо Иброҳиму Самад Вурғуни озарбойҷонӣ, Чингиз Айтматови қирғиз, Ҳамид Ғулому Ғафур Ғуломи ӯзбекистонӣ, Расул Ғамзатови доғистонӣ, Эдуардас Межелайтеси литвонӣ, чеҳранамоӣ мекард. Имрӯз исми он симоҳои тобноки адабу фарҳанги шуравӣ аз хотираҳо фаромӯш шуда истодаанд, вале номи фарзанди миллати тоҷик дар лавҳи хотираҳо ҷовидонист.

Нуҳум. Устод миёни элита ва нухбагони адабӣ, сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии шуравӣ, Осиё ва Африқо эътибори баланд дошт, ки ин мақому манзалат то имрӯз ба ҳеҷ як аз адиби сиёсатмадори мо насиб нагаштааст. Устодро ба хотири озодагӣ, самимият ва инсонияти баланд адибону ҳамқаламони давр дӯст медоштанд ва эҳтиром мекарданд. Шоири бузурги Покистон ва дӯсти устод Турсунзода Файз Аҳмади Файз гуфта буд: «Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик аст». Адиби бузурги Озарбойҷон Мирзо Иброҳим навиштааст: «Ман дар тамоми умри худ мисли ӯ донанда ва эҳтиромкунандаи шеъри классикии Шарқ ва, албатта, форсии тоҷикиро басо кам дидаам... Вай аз зебоии зиндагӣ моҳирона баҳра мебардошт, чӣ будани ғаму андуҳро мефаҳмид ва ба бадбахтии дигарон шарик шуда метавонист». Нависандаи бузурги қирғиз Чингиз Айтматов ба Турсунзода иродат варзида гуфта буд: «Мирзо Турсунзода барои ман ҳамеша як намояндаи барҷастаи маданият ва адабиёти қадими тоҷик будааст ва ҳаст... Мирзо Турсунзода як шахсияти бемислу назирест».

Даҳум. Ҳар қадар замон мегузарад, ҳамон қадар ба шахсият ва мероси устод Турсунзода ниёз пайдо мекунем. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 90-солагии устод М. Турсунзода 27 октябри соли 2001 аз авзои ҳассоси замон, ки бар асари ташаннуҷи экстремизму терроризми динӣ иттифоқ афтода буд (манзур ҳамлаву амалиёти террористии 11 сентябри соли 2001, ёдовар шуда гуфта буданд: «Дар чунин шароит шеъри сулҳпарвари Мирзо Турсунзода ҳамоҳанги маҷрои ҳаёт аст ва имрӯз ҳам хеле замонавӣ садо медиҳад. Вобаста ба ин, мехоҳам бигӯям, ки адибон ва тамоми зиёиён бояд аз зиндагиномаи устод Мирзо Турсунзода сабақ гиранд, дар ҳаёт мавқеи фаъоли гражданиро ишғол намоянд, бо сухан ва ҳунари муассир ғояҳои олӣ ва ҷовидона - сулҳ, ваҳдат, худшиносии миллию ватанпарастиро дар дилу шуури наслҳои нав ҷой намоянд ва арзишҳои умимибашариро дар ҷомеа тарғиб созанд. Вазифаи муқаддаси зиёиён, қарзи граждании онҳоро мо, пеш аз ҳама, дар ҳамин мебинем».

Дарвоқеъ, мо ба шахсият ва осори устод Мирзо Турсунзода на танҳо имрӯз, балки оянда ҳам ниёз дорем.

Нозим НУРЗОДА,

мудири шуъбаи ташаккули ҳувияти миллӣ ва оммависозии илми раёсати АМИТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: