https://sadoimardum.tj

Сарфарозу идомадиҳандаи кори онҳоем

№:55 (5107), 06 май 2026, 16:50
8

Мо бояд ҳамеша бо ифтихор хотирнишон созем, ки барои расидан ба ин пирӯзӣ дар баробари дигар миллатҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, мардону занони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми муассиру сазовор гузоштаанд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар таърихи инсоният рӯйдодҳое ҳастанд, ки бо гузашти замон аҳамияташон бештар мегардад. Яке аз чунин санаҳои тақдирсоз 9 май - Рӯзи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад. Ин сана рамзи ҷасорат, ватандӯстӣ, иттиҳод ва фидокории халқҳо дар роҳи ҳифзи озодӣ ва оромии башарият аст.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар саҳифаҳои таърих ҳамчун як давраи пурфоҷиа ва, ҳамзамон, пуршараф боқӣ мондааст, чун миллионҳо инсон ҷони худро барои ҳифзи Ватан нисор карданд. Ин ҷанг на танҳо марзҳоро, балки сарнавишти наслҳоро тағйир дод ва сабақ барои ояндагон гашт.

Саҳми мардуми Тоҷикистон дар ин пирӯзии бузург қобили таъкиди махсус ва шоёни ифтихор аст. Чунки зиёда аз 300 ҳазор ҷавонмардони ҷумҳурӣ ба майдони ҷанг рафта, тақрибан, 92 ҳазорашон ҷони худро аз даст доданд.

Ҷавонписарони тоҷик дар майдони ҷанг мардонагии бемисл нишон дода, барои озодии инсоният саҳми арзанда гузоштанд, ки номи онҳо дар таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Аҳолии ақибгоҳ низ бо меҳнати шабонарӯзӣ барои таъмин намудани фронт бо маводи ғизоӣ, либос ва техника саҳми бориз доштанд.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои насли имрӯз мактаби бузурги ҳаёт аст. Он ба мо талқин менамояд, ки сулҳ неъмати бебаҳо ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Дар шароите ки мо зиндагӣ дорем, масъулият боз ҳам бештар мегардад. Мо бояд таърихи худро омӯзем, аз гузашта сабақ гирем ва барои ояндаи дурахшони кишвар саҳм гузорем.

Ҳоло шумораи иштирокчиёни он ҷанг дар кишвари мо ангуштшумор аст. Вале хотираи неки 300 ҳазор иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар дилу дидаи мардум ҷовидон хоҳад монд, балки чун чароғи роҳнамо барои наслҳои оянда.

Дар кишвари мо бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пос доштани хотираи неки иштирокчиёни ҷанг ва дастгирии онҳо аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Иштирокчиёну собиқадорон мунтазам мавриди ғамхорӣ ва дастгирии иҷтимоӣ қарор доранд. Ин сиёсати инсонпарварона нишонаи эҳтиром ба таърих ва қадршиносии фидокориҳои наслҳои гузашта мебошад.

Бояд таъкид кард, ки тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ яке аз вазифаҳои ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ёдоварӣ аз корнамоиҳои қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ набояд танҳо ба Рӯзи Ғалаба маҳдуд гардад. Баръакс, он бояд як ҷузъи доимии раванди таълиму тарбия бошад. Маҳз донистани таърих ва эҳтиром ба гузашта дар қалби ҷавонон ҳисси масъулият, ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба Ватанро тақвият медиҳад. Насле, ки аз гузаштаи худ огоҳ аст, метавонад ояндаи худро бо итминон бунёд намояд.

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: