4 медал аз «Dushanbe Grand Slam-2026»
1-3-юми майи соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand Slam -2026» оид ба ҷудо баргузор гардид, ки дар он 240 варзишгар аз 34 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Тоҷикистонро 40 ҷудочӣ намояндагӣ карда, дар маҷмуъ, ба гирифтани 4 медал (3 тилло ва 1 биринҷӣ) ноил гардиданд.
Дар рӯзи якуми рақобатҳо паҳлавони тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг соҳиби медали тилло гардид. Ӯ намояндагони Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Федератсияи Россияро шикаст дода, дар рақобати ҳалкунанда бар Азизбек Ортиқов (Ӯзбекистон) дастболо шуд.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудочиёни тоҷик ду медали тилло ба даст оварданд. Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг бо пирӯзӣ бар рақибонаш аз Амороти Муттаҳидаи Араб, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ба финал роҳ ёфта, дар он намояндаи Россия Карен Галстианро шикаст дод. Сомон Маҳмадбеков бошад, дар вазни то 81 кг ба гирифтани медали тилло ноил гардид.
Пас аз анҷоми мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи шумораи медалҳо дар ҷойи дувум қарор гирифт.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
