https://sadoimardum.tj

Насби чароғакҳои «Ҳушманд» дар Душанбе

№:55 (5107), 06 май 2026, 17:05
4

Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади мутобиқсозии инфрасохтори роҳу нақлиёт ба стандартҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳҳо насби чароғакҳои муосири «ҳушманд» роҳандозӣ шудааст.

Чароғакҳои «ҳушманд» дорои низоми автоматикунонидашуда буда, вобаста ба шиддатнокии ҳаракати нақлиёт фаъолияти худро ба таври худкор танзим мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки ҳаракат муназзам гардида, бандшавии роҳҳо коҳиш ёбад.

Насби чунин таҷҳизот марҳила ба марҳила дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр амалӣ шуда, ба коҳиши садамаҳои нақлиётӣ низ мусоидат хоҳад кард.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: