https://sadoimardum.tj

Форуми амниятии Осиёи Марказӣ доир гардид

№:55 (5107), 06 май 2026, 17:12
3

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Низоми амниятии Осиёи Марказӣ: нигарониҳо, таҳдидҳои муосир ва зарфиятҳои стратегӣ» баргузор шуд.

Дар ифтитоҳи форум директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода таъкид намуд, ки иштироки намояндагони муассисаҳои тадқиқоти стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷомеаи коршиносон, ташкилоту фондҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои дипломатии кишварҳои гуногун дар ин ҳамоиши сатҳи баланд нишонаи равшани таваҷҷуҳи рӯзафзун ба масъалаҳои амнияти минтақа мебошад.

- Осиёи Марказӣ дар тӯли даҳсолаҳои охир ва, бахусус, дар шароити афзоиши ноустувории равандҳои байналмилалӣ ҳамчун минтақаи дорои аҳамияти стратегии баланд боқӣ мемонад, ки дар он манфиатҳои асосии қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба ҳам меоянд. Дар заминаи тағйирёбии низоми сиёсии ҷаҳонӣ ва афзоиши рақобатҳои геополитикӣ кишварҳои минтақа муносибати ҳамоҳангшуда, пухта ва прагматикӣ нисбат ба таҳкими меъмории амнияти минтақавӣ нишон медиҳанд, - зикр кард Хайриддин Усмонзода.

Ҳадафи форум таҳлили ҳамаҷонибаи воқеиятҳои муосири Осиёи Марказӣ, арзёбии равишҳо ва консепсияҳои дохили минтақа ва ҳам берун аз он арзёбӣ гардид.

Таъкид гардид, ки имрӯз иштирокчиён барои баррасии масъалаи ниҳоят муҳим ва, ҳамзамон, мураккаби амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ҷамъ омадаанд, ки дорои аҳамияти на танҳо минтақавӣ, балки ҷаҳонӣ мебошад.

Ҳеҷ як давлат, ҳатто қудратмандтарини онҳо, наметавонад танҳо бо ин чолишҳои амниятӣ мубориза барад. Аз ин рӯ, ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ аҳамияти ҳалкунанда пайдо мекунад.

Ҳамчунин дигар маводҳо: