https://sadoimardum.tj

Ҳифзи пиряхҳо

№:68 (4964), 29 май 2025, 14:20
28

Ташаббусе, ки ҷомеаи ҷаҳонро бетараф нагузошт

Барои мо - мардуми шарафманди Тоҷикистон боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки дар Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки 14 декабри соли 2022 баргузор гардид, пешниҳоди нав­батии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдории 153 давлати аъзо дастгирӣ ёфта, соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март Рӯзи байналмилалии пиряхҳо эълон гардид. Инчунин, дар ҷаласаи мазкур дар назди ин созмони бонуфузи умумиҷаҳонӣ Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд.

29-31-уми майи соли ҷорӣ бори нахуст Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони воломақоми кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла коршиносони байналмилалӣ, сиёсатмадорон, олимон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, баргузор ва аз натиҷаи он санади муҳими байналмилалӣ ҷиҳати тадбирандешии ҷаҳонӣ доир ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пир­яхҳо қабул мегардад. Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба аҳамияти пиряхҳо ва пешгирии обшавии босуръати он, пешбурди талошҳои глобалӣ ва таъсири густурда тавассути амалиёти муштарак, навовариҳои илмӣ ва ҳамоҳангии амалҳо ба ҳисоб меравад.

 Зикр намудан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардиданаш ба масъалаҳои муб­рами ҷаҳонӣ, ки баҳри беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии мардуми сайёра равона шудааст, эътибори ҷиддӣ медиҳад ва барои ҳалли чунин мушкилот тадбирҳои мушаххасро пешниҳод менамояд. Яке аз чунин пешниҳодҳои муҳими ҷониби Тоҷикистон истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, махсусан об, ба ҳисоб меравад. Соли 2025 эълон гардидани «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсус қабул шудааст. Дигар ташаббусҳои зарурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об - барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018 -2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор» мебошанд, ки бо қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об ҳамчун давлати ташаббускор эътироф шуда, дар заминаи чунин ташаб­бусҳо платформаҳое ташкил шуданд, ки дар онҳо мушкилоти вобаста ба истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, 7 ноябри соли 2022 дар давлати Миср доир ба тағйирёбии иқлим Иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва маърӯза намуданд. 

Президенти мамлакат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро обшавии босуръати пиряхҳо арзёбӣ ва таъкид намуданд, ки мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодааст. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон обшавии пиряхҳо дар солҳои охир бошиддат идома дорад. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии захираҳои обии минтақа мебошанд ва 60 фоизи онҳо дар ҳудуди мамлакати мо ташаккул меёбанд. Мутаассифона, таъсири тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ боиси обшавии босуръати пиряхҳо мегардад. Ҳамзамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба таназзули пиряхҳои ҷаҳон ва таъсири тағйирёбии иқлим ба торафт кам гардидани захираҳои оби тоза ва обшавии пиряхҳои Тоҷикистон ҷалб ва иброз намуданд, ки «Тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад…». 

Лозим ба ёдоварист, ки зарурати ҳифзи пиряхҳоро Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои қаблии Ассамб­леяи генералии СММ таъкид намуда буданд.

Бинобар ин, ҷиҳати ҳалли масъалаи тағйирёбии иқлим, ифлосшавии об ва ҳифзи пиряхҳо соли 2018 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин муассисаи илмӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута дар таҳияи таҳқиқотҳои илмӣ-бунёдӣ, аз ҷумла оид ба таҳияи низоми барӯйхатгирии пиряхҳои Тоҷикистон, омӯзиши пиряхҳо, криосфера ва гидрометеорология дар шароити тағ­йирёбии иқлим ва омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба дар соҳаи омӯзиши пиряхҳо фаъолият менамояд. Ҳамзамон, дар сохтори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази яхшиносӣ фаъолият менамояд, ки мутахассисони ин марказ ба омӯзиши тағйирёбии боду борон, об, иқлим, пиряхҳо, таркиби яхпораҳо дар ҳар гуна вазъу шароити обу ҳаво дар мавзеъҳои сербарфу кӯҳсор ва доманакӯҳҳо машғуланд. 

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш имсол дар паёми худ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об гуфт, ки «Мо бояд як ҳақиқати сард ва сахтро дар хотир дорем: ҳифзи пиряхҳо барои амният, шукуфоӣ ва адолат муҳим аст. Биёед якҷоя амал намоем, то барои инсоният ин манбаъҳои яхбастаи ҳаётро ҳифз кунем».

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хамчун мақоми олии қонунгузор ва намояндагӣ ҷиҳати амалишавии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат корҳои назаррасро ба таври мунтазам амалӣ менамояд. Қайд намудан бамаврид аст, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин ва Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­фаъолият менамоянд. ­Фа­ъолияти кумита ва комиссияи мазкур аз таҳлили қонунгузорӣ дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, тартиби идоракунӣ ва ҳифзи ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ, муҳофизат ва барқарор намудани объектҳои табиию фарҳангӣ, усулҳои экологӣ ва биотсенозӣ, ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ ва таъмини амнияти экологӣ иборат мебошад. Бо мақсади амалӣ намудани ташаббуси Пешвои миллат оид ба эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ суҳбати гирди миз дар мавзуи «Ҳифзи пиряхҳо - омили муҳими суботи иқтисодӣ-иҷтимоӣ» баргузор гардид. 

Мавриди зикр аст, ки дар робита ба ташаб­буси ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» таҳия ва 3 январи соли 2024 қабул шудааст. Мақсад аз таҳияи қонуни мазкур муайян намудани асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи пиряхҳо ҳамчун объект­ҳои муҳити табиӣ буда, барои роҳандозии корҳои омӯзишӣ, илмию таҳқиқотӣ, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқиро муқаррар менамояд ва ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо заминаи устувор мегузорад.

Ҷамила МУСОҶОНЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: