Аёдату қадрдонии иштирокчии ҶБВ дар Душанбе
7-уми майи соли 2026 бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба 81-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирокчии ҶБВ Нағзибеков Бозор Шодмонович аёдат карда шуд.
Дар ин аёдат ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Нурҷаҳон Исмоилзода ва раиси ноҳияи Сино Умед Гуреззода иштирок намуданд.
Аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ иштирокчии ҶБВ Нағзибеков Бозор Шодмоновичро самимона табрик намуда, аз ҷасорату қаҳрамониҳои фарзандони шуҷои тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки маҳз шуҷоату матонати онҳо дар роҳи ҳифзи сулҳу озодӣ имрӯз ҳамчун мактаби ватандӯстиву ҷавонмардӣ барои наврасону ҷавонон ва наслҳои оянда хизмат менамояд.
Ба Нағзибеков Бозор Шодмонович аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 50 ҳазор сомонӣ, аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 25 ҳазор сомонӣ ва аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино 12 ҳазору 500 сомонӣ кумакпулӣ тақдим шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар саросари ҷумҳурӣ аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 8 нафар боқӣ мондаанд.
Ба муносибати 81-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ имсол ба ҳар кадоми онҳо аз ҷониби Пешвои миллат 50 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Кумакпулиҳоро аз номи Президенти кишвар намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба иштирокчиёни ҶБВ расонданд.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
