https://sadoimardum.tj

Бунёди 10 боғчаи нав дар Бохтар

№:60 (5112), 18 май 2026, 18:18
6

- То соли 2029 дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар 10 кӯдакистони наву замонавӣ бунёд ва 1520 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд,- гуфт зимни суҳбат мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шамсия Абдуназарзода.

Ба иттилои ӯ, аз 10 боғчаи мазкур 9 адади он бо саҳми соҳибкорон ва як боғча бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ бунёд хоҳанд шуд.

Феълан, дар шаҳри Бохтар 23 муассисаи томактабӣ фаъолият дош­та, дар онҳо 4240 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳоло фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар шаҳри Бохтар 36,6 фоиз аст.

С. СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: