Таҷассуми хиради миллӣ ва адолати таърихӣ
Субҳи 19-уми майи соли 2026 дар саҳифаҳои таърихи нави давлатдории миллии мо бо як рӯйдоди бузург, муҳим ва фаромӯшнашаванда сабт гардид. Бо ташаббуси хирадмандона, талошҳои ватандӯстона ва сиёсати созандаю ҳувиятсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон капсулаҳо бо хок аз маҳалли дафни шахсиятҳои барӯманди миллат - Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз Федератсияи Россия ба Ватан оварда шуданд. Ин иқдоми бузурги Сарвари давлат таҷассуми олии адолати таърихӣ ва эҳтироми амиқ ба хотираи абармардонест, ки дар рӯзҳои аввали ташаккули давлати мо ҷони худро фидо намудаанд.
Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур шахсиятҳое мебошанд, ки дар солҳои 1920-1930 бо нишон додани иродаи қавии сиёсӣ аз ҳуқуқи миллати тоҷик барои рушду хештаншиносӣ ва таъсиси давлати мустақил мардонавор дифоъ кардаанд. Маҳз бо ҷонбозиҳои ин фарзандони фарзона таъсиси Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1929 муяссар гардид. Дар канори онҳо Нисор Муҳаммад ҳамчун комиссари маорифи халқи Тоҷикистон дар ташаккули асосҳои фарҳангсолорию маорифпарварии давлати ҷавони мо саҳми арзандаву таърихӣ гузоштааст.
Ин се ходими барҷастаи давлатӣ дар давраи таъқиботи соли 1937 бо туҳматҳои ноҳақи сиёсӣ қурбон шуда буданд.
Асоси ин арҷгузории таърихӣ маҳз дар миллатдӯстӣ, сиёсати фарҳангпарварона, инсондӯстона, адолатпарварӣ ва арҷгузории беназири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таърихи гузаштаи миллат нуҳуфтааст.
Пешвои муаззами миллат бо ин ташаббусҳои бузурги худ собит сохтанд, ки ҳеҷ як қаҳрамонӣ ва хизмати содиқонаи фарзандони содиқу вафодор дар назди халқу Ватан фаромӯш нахоҳад шуд.
Хоки ин се бузургмард аз қабристони Дони нави Москва ба оғӯши Ватани маҳбуб баргашт ва қисме аз маҷмааи миллии мемориалӣ хоҳад шуд, ки ин рамзи пайванди насли имрӯз бо гузаштаи пурифтихори мост.
Бояд таъкид намоем, ки ин абармардон муборизони ҳақиқӣ, фидоиёни роҳи озодӣ ва сарсупурдагони миллат буданд, ки баҳри ҳастии Тоҷикистон ҷони худро нисор карданд.
Ин ташаббуси наҷиб на танҳо руҳи ин муборизони ҷонфидоро шод мегардонад, балки барои насли ҷавони Тоҷикистони азиз дарси бузурги таърихӣ маҳсуб мешавад. Он гувоҳи устувори он аст, ки ягон хидмати арзишманд дар назди халқу Ватан ба гӯшаи фаромӯшӣ нахоҳад рафт ва садоқату ҷонбозӣ дар роҳи ҳастии миллат ҳамеша пос дошта мешавад.
Бо Фармони таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 2006 ба Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд, ки ин қуллаи арҷгузорӣ ба таърихи миллат аст.
Барои инҷониб, ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчун фарзанди ин Ватани муқаддас, дидани ин маросим эҳсоси ниҳоят амиқи ватандӯстӣ ва сурури маорифпарвариро бедор намуд. Арҷгузорӣ ба фарзандони содиқи Ватан бори дигар собит менамояд, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат ба қуллаҳои баланди устувории сиёсӣ ва камолоти давлатдорӣ расидааст. Ин рӯйдоди фаромӯшнашаванда дар таърихи муосири мо ҳамчун рамзи пирӯзии ҳақиқат, адолат ва эҳёи хотираи таърихии миллати сарбаланди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад ва барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, азиз доштани марзу буми муқаддаси Тоҷикистон ва таҳкими руҳияи худшиносии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон, саҳми калидӣ ва мондагор доранд. Ин ташаббуси созанда замина мегузорад, ки насли ҷавони мо бо ифтихор аз гузаштаи хеш барои ҳифзи соҳибихтиёрии давлат ва ободии сарзамини ниёгон собитқадам бошанд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳаяҷоновари таърихӣ Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи поягузорони давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, барои бақои миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додаанд».
Дар ин замина, эҳсоси садоқат ва арҷгузории худро ба сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин сатрҳои пурмазмуни ҳамкори муҳтарам, вакили Маҷлиси намояндагон Комилҷон Шамшерзода ҷамъбаст менамоям:
Фарзанди сарбаланди Ватан, Қаҳрамон туӣ!
Бо ҳифзи шаъну номи Ватан ҷовидон туӣ!
Бо арҷу эҳтироми бузургони сарзамин,
Пешвои неки миллати мо, Қаҳрамон туӣ!
Фирӯз ҲАҚНАЗАРЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
