Чорабинӣ бахшида ба рӯзи морхӯр дар СММ
18-уми майи соли равон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк бахшида ба Рӯзи байналмилалии морхӯр зери унвони «Морхӯр ва гуногунии биологии кӯҳӣ: тақвияти талошҳои ҷаҳонӣ барои ҳифзи экосистема ва рушди устувор» ҳамоиши сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо таъкиди намунаи муваффақонаи ҳифзи табиат дар Тоҷикистон иброз дошт, ки морхӯр (Capra falconeri) на танҳо ҷонвари нодиртарини кӯҳии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, балки рамзи мероси табиии Тоҷикистон низ мебошад.
Номбурда, ҳамчунин, гуфт, ки Рӯзи байналмилалии морхӯр эълон кардани 24 май аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид «платформаи ҷаҳонӣ барои баланд бардоштани огоҳӣ, тақвияти ҳамкорӣ байни ҷонибҳои манфиатдор ва ҷалби таваҷҷуҳи сиёсӣ ба ҳифзи экосистемаҳои осебпазири кӯҳӣ»-ро фароҳам овард.
Дар ҳамоиш чанд самт барои тақвияти ҳамкорӣ пешниҳод шуда, омодагии Тоҷикистон барои баргузории ҳамоиши ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи морхӯр дар соли 2027 изҳор гардид.
Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур бо ибтикори ҳайатҳои Тоҷикистон ва Покистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (UNEP) ва Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) доир шудааст.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
