Нақшаи даъвати баҳорӣ пурра иҷро шуд
23-юми майи соли равон, пеш аз муҳлат, нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро шуд.
Дар ин бора аз раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, якуми апрели соли равон, бо оғоз гардидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақша дар рӯзи аввал мужда доданд. Шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ аз аввалинҳо шуда, нақшаи пешбинишударо пурра иҷро намуданд. Ҳамзамон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд ҳам ин маъракаи муҳими сиёсиро ба анҷом расонданд.
Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби давлату Ҳукумат нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ дастгириву ғамхориҳои пайваста зоҳир мегардад. Ин омил ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯсти диёрро водор месозад, то бо дарки баланди масъулияти ҷавонмардӣ дар муҳити орому осоишта ва фазои сулҳу суботи Тоҷикистони азиз хизмати пуршарафи Модар-Ватанро адо намояд.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2026 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 1 апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Артиши миллӣ оғоз шуд.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» омадааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷинси мард), ки ба синни 18 расидаанд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ даъват мегарданд. Ҳамчунин, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ таъкид шудааст, ки хизмат ба Ватан, таҳкими истиқлол ва иқтидори мудофиавии он вазифаи ҳар шаҳрванд буда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагист.
Даъвати ҳарбии муҳлатнок дар як сол ду маротиба - аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Мафтунаи ҲИСОРӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
