https://sadoimardum.tj

Дар Туркманистон форуми парламентӣ доир гардид

№:62-63 (5114-5115), 25 май 2026, 18:09
0

19-уми майи соли 2026 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Форуми 5-уми намояндагони парламентҳои кишварҳои аъзои гурӯҳи Авруосиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм баргузор гардид, ки дар он узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Азизбек Хайриддинзода иштирок намуд.

Таъкид шуд, ки бо мақсади муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм дар Тоҷикистон заминаи кофии меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст. Танҳо дар панҷ соли охир қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Дар бораи амният» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дар таҳрири нав қабул гардидаанд.

Зикр шуд, ки ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм дар асоси абзорҳои байналмилалии дуҷониба, бисёрҷониба ва минтақавии ҳуқуқӣ ташаккул меёбад, ки ба таъмини сулҳ ва амнияти инсоният мусоидат менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонии худ медонад ва барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Ҳамчунин дигар маводҳо: