https://sadoimardum.tj

Машварати парлумонӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва рушди устувор

№:62-63 (5114-5115), 25 май 2026, 18:10
0

22-юми майи соли 2026 дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии оби Душанбе барои парлумонҳои кишварҳои Авруосиё таҳти унвони «Баррасии масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва рушди устувор тавассути чораҳои парламентӣ» дар шаҳри Душанбе машварати минтақавӣ баргузор гардид.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода таъкид намуд, ки тағйирёбии иқлим имрӯз аз доираи масъалаи экологӣ берун рафта, ба омили таъсиргузор ба амнияти миллӣ, рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоии давлатҳо табдил ёфтааст. Афзоиши офатҳои табиӣ, обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиши захираҳои об ва вайроншавии экосистемаҳо зарурати қабули қарорҳои муштарак, ҳамоҳангшуда ва сиёсиро ба миён овардааст.

Таъкид гардид, ки Тоҷикис­тон яке аз давлатҳои осебпазир аз тағйирёбии иқлим ба шумор рафта, обшавии пиряхҳо барои минтақаи Осиёи Марказӣ паёмадҳои ҷиддӣ дорад. Аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз 1000-тои он пурра аз байн рафтааст.

Дар ин замина, аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва иқлим махсус таъкид гардид. Аз ҷумла, эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун дастоварди муҳими дипломатияи байналмилалии Тоҷикистон арзёбӣ шуд.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди «сабз» ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тадбирҳои амалӣ меандешад. Қабули «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030» ва «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023-2037» намунаи чунин иқдомҳо номида шуданд.

Дар паёми видеоии Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг таъкид гардид, ки кишварҳои Авруосиё аллакай таъсири мустақими тағйирёбии иқлим, аз ҷумла камбудии об, ифлосшавии ҳаво ва таҳдид ба амнияти озуқавориро эҳсос мекунанд.

Коршиносони маҳаллӣ ва байналмилалӣ доир ба манзараи умумии иқлим ва рушди устувор, ҳифзи захираҳои об, зарурати фаврии мубориза бо ифлосшавии ҳаво ва коҳиши партовҳои метан, инчунин, таҳкими нақши парлумонҳо дар татбиқи сиёсати иқлимӣ табодули назар намуданд.

Дар ҳамоиш таъсиси механизмҳои доимии ҳамоҳангсозии ҳамкории байнипарлумонӣ дар масъалаҳои иқлим ва захираҳои об муҳим арзёбӣ гардид.

Ҳамчунин дигар маводҳо: