Манзумаи Конститутсия
Ҷузъи дунёем мо халқи баномуси диёр,
Давлати демократӣ дорему соҳибихтиёр.
Давлати мо дунявӣ ҳасту ҳуқуқбунёд бас,
Рушду озодию аҳком аст моро дастрас.
Дӯстии халқҳо поянда андар марзи мо,
Ҳаст бунёди адолат ҳам шараф, ҳам қарзи мо.
Соҳиби ин давлати мухтор мо, равшануфуқ,
Иззату озодии инсону таъмини ҳуқуқ.
Ҳаст ин давлат ягона, сулҳҷӯ, ваҳдатшиор,
Тобеъи марказ, мутобиқ, боматонат, устувор!
Дину мазҳаб ҳаст аз давлат ҷудо, иҷро шуда,
Парчаму Гимну Нишон машҳур дар дунё шуда.
Зиндагии амн таъмин шуд, набуд ин андаке,
Ҳаст ҷумҳуру Ватанро маънию аркон яке.
Шуд забони тоҷикӣ аслан забони давлатӣ,
Лафзи русӣ қадру мавқеъ дораду ҳам иззате.
Низ дар гуфтор озод аст ҳар халқе, нигар,
Бо забони хеш карда гуфтугӯ бо якдигар.
Гимну Парчам, ҳам Нишон ҷо дар дили мо гаштааст,
Халқҳо бо ҳам бародар, бахт эҳдо гаштааст.
Мо, ки узви созмонҳоем дар байналмилал,
Эътирофи шартнома – эътиқод андар амал.
Шаҳри гулбоғи Душанбе пойтахти кишвар аст,
Ин ҳама гулгулшукуфоӣ зи азми Сарвар аст.
Гашта қонуну ҳуқуқ арҷи баланди шаҳрванд,
Нангу виҷдону шараф касро намояд арҷманд.
Ҳаққу озодии инсон арзиши олӣ ҳисоб,
Қадру номусу ҳаёту амн дар Қонункитоб.
Амру озодии ҳар инсон риоят мешавад,
Шаҳрванд аз хавфу ноамнӣ ҳимоят мешавад.
Ҳукмро сарчашма, аслан, мардуми кишвар бувад,
Раъйпурсӣ маншаи озодии яксар бувад.
Тинҷию сарҷамъии мулканд миллат, халқият,
Эътибору қудрати садчанд дорад ҷамъият.
Як сиёсиҳизб натвонад кунад ин мулк ғасб,
З-он ки ҳар инсон ба давлат бо садоқат гашта насб.
Бад ҷиноят ҳаст ҳар ғасбу тасарруф бо силоҳ,
Раҳбару Маҷлис гирад халқро андар паноҳ.
Ҳаст ҳар як минтақа пайванд бо расму русум,
Нест тақсиме ба сарҳад, ҳам ҳудуду марзу бум.
Манъ тарғиби амалҳои ҷудоӣ ҳаст сахт,
Шаҳрвандонанд бо ҳам дар амону некбахт.
Тибқи Қонуни асосӣ ҳаст ҳар воҳид ба марз,
Амну таъсису тамомии макону тӯлу арз.
Манъ ҳаст аъмоли зишти ҳизбҳои бадмаром,
Фарз бошад худшиносиҳову худсозӣ мудом.
Дин зи давлат, давлат аз дин аст қонунан ҷудо,
Дар Ватан се шохаи давлат бувад асли бақо.
Гар мутобиқ нест бо мо ҳуҷҷати кулли ҷаҳон,
Бас мувофиқ мефитад бар мо басе меъёри он.
Низ Қонуни асосӣ, ҳам қарору ҳам санад,
Гашта бас меъёри қонуни ҷаҳон моро мадад.
Гар ба Сарқонун бувад билфарз қонунҳои зид,
Он санад омӯхта, гардад бояд аз нав боздид.
Ҷониби сулҳофарӣ самти сиёсат мебарад.
Эҳтироми аҳли олам ҳаст фарҳангу хирад.
Манъ дар кишвар бувад таҳдидҳо, ташвиқи ҷанг,
Ҷовидон моро равобит ҳаст бо ҳамто зи нанг.
Хос шакли иқтисод асту ривоҷи ҷамъият,
Ҳифзи ҳақ аз ҳар ҷиҳат орад ба меҳан манфиат.
Чунки давлатрост хоса ҳам пулу асрори худ,
Харҷу сарфу гардиши мобайни мол афзуда зуд.
Ҳаст аз давлат фазою обу сарват, ҳам замин,
Ҳам табиат, ҳам тамоми кону маъдан, инчунин.
Ҳаққи инсон ҳифз мегардад ба Сарқонун ҳаме,
Манъ гардад, аз кафолат гар шавад берун каме.
Он ки сокин буд дар рӯзи қабули ин санад,
Шаҳрванди кишвар аст ӯ бо қарору мустанад.
Шаҳрвандон таҳти ҳифзи мамлакат гирад қарор,
Чораю тадбир баҳри доданаш н-ояд ба кор.
Ҳар касе аз хориҷ аз мо гар панаҳҷӯӣ кунад,
Давлат аз баҳри ҳимоят муҳри амнаш мезанад.
Ҳар яке бошад баробар назди қонун, пеши суд.
Бишканад тартиб, н-ояд бар зану бар мард суд.
Ҳар киро, қатъи назар аз миллату ҷинсу забон,
Ҳифз бо дину нажодаш мекунад давлат, бидон.
Ҳар яке ин ҷой дорад пурра худ ҳаққи ҳаёт,
Ҷурми вазнин гар кунад, аз суд кай ёбад наҷот?
Ҳар яке дорад кафолат ҳар замон аз ҳифзи суд,
Ҳаққи дидан дорад аз парвандаи аъмоли худ.
Шуд дахлнопазире хонаву маъвои кас,
Нест мумкин хона бо таҳдид кардан дастрас.
Аз барои ҷабр дида ҳатмӣ ҷуброни зарар,
Ҳаркӣ ҷурме бошадаш, подош ҳам ҳаст он қадар.
Ҳаст маҳрам ҳар мукотиба, паёму гуфтугӯ,
Бе иҷозат нисбати ҳар шахс кардан ҷустуҷӯ.
Шаҳрвандонрост ҳаққи ҳиҷрату зисту маҳал,
Рафтану ҳам бозгаштан, сайру ҳар гуна амал.
Ҳаркӣ битвонад ба ҳар дине намояд пайравӣ,
Ҳам ба ҳар як урфу одат, расму оин дилқавӣ.
Ҳар яке дорост, созад дар сиёсат иштирок
Ҳамчу хизматчии давлат боядо бо дасти пок.
Ҳар киро манъ аст маҷбурӣ намудан ҷалби кор,
Ҳар чиро қонун нафармояд, надорад эътибор.
Шаҳрванд аз синни ҳаждаҳ ёфт ҳаққи интихоб,
Номукаллаф ҳаст бар суд ӯ, намесозад шитоб.
Ҳаст ҳаққи шахс дар маҷлис шавад гирдиҳамой,
Дар намоишҳову раҳпаймоӣ амн ояд ба ҷой.
Нашру табъ озоду ҳам озодӣ ҳаст андар сухан,
Қатъиян манъ аст буҳтон нисбати халқу Ватан.
Номи ахборе, ки доро ҳаст бар сирри ниҳон,
Дастрас набвад, нагардад ҳар касе аз он аён.
Аз азал бар молу мулк орад ҳаққи мерос кас,
Чун зарар орад касе, ҷуброн ҳамебояд зи пас.
Чункӣ ӯ аст оила, аслан, ҳам асоси ҷамъият,
Марду зан доранд андар будани он манфиат.
Мард ё зан чун расад як рӯз бар синни никоҳ,
Мешавад бо ақд бастан бахти онҳо ифтитоҳ.
Ҳаст моро имтиёзи ройгон аз кори тиб,
Аз саломат ҳар яке то ин ки гардад бонасиб.
Ҳаст баҳри пиру ҳам бемору маъюб имтиёз,
Камбизоатро мадад давлат кунад, дорад ниёз.
Ҳикмату фарҳангу эҷоду ривоҷи маърифат,
Тарбия, таълим ҳатмӣ дар умум аз ҳар ҷиҳат.
Моли зеҳнӣ ҳаст таҳти ҳифзи қонун ҳар замон,
Чунки маҳсулест, ояд аз вуҷуди ҷисму ҷон.
Ҳаркӣ Сарқонун бидонад неку ҳам меъёри он,
Нест истиснои посух дар ҳади изҳори он.
Модару кӯдак фақат бояд ки ғамхорӣ шаванд,
Чораю тадбири он аз давлат ояд арҷманд.
Манъ бошад ҳар тариқа кори вазнин баҳри зан,
Чунки дорад он зарар аз рӯи илму фазлу фан.
Беш бошад музди меҳнат боядо ҳадди ақал,
Ҳар киро корест, дар муздаш намебояд халал.
Ҳаққи манзил ҳар яке дорад ҳаме андар ҳаёт,
Босифат созанд ҳар шакле, ки бахшояд нишот.
Рӯзгор аз кас бихоҳад ранҷу меҳнат, касбу кор,
Ҳаст лозим ҳар якеро, то биёбад эътибор.
Истироҳат, солимӣ ҳар дам бувад бар кас муҳим,
Ҳар яке бояд ки бошад нек дар ҷое муқим.
Ҳар яке омода бо ҷон аст бар ҳифзи Ватан,
Баҳри хизмат обутобу қудрату зӯри бадан.
Ҳифзи кишвар ҳаст қарзи ҷонии ҳар шаҳрванд,
Ҳар ҷавоне қадри ин бояд бидонад арҷманд.
Ҳифзи муҳит, ёдгориҳост саҳми ҳар яке,
Нақши худ бояд гузорӣ бешумору андаке.
Ҳаст ҳатмӣ додани андозу ҳам боҷу хироҷ,
Харҷи буҷа мешавад, ин ҳаст аз баҳри ривоҷ.
Фавқулода ҳолате ногоҳ гар ояд ба пеш,
Пешво ӯро кунад тамдид бо фармони хеш.
Маҷлиси Олӣ мақоми олии қонунгузор,
Узви он Маҷлиси миллӣ, ҳам вакили бурдбор.
Интихоби Маҷлиси миллӣ шавад аз чор як,
Пешво таъйин намояд ҳар якеро як ба як.
Муҳлати кори вакил ояд зи баъди панҷ сол,
Бошад андар бандубасти ҳалли қонунҳо фаъол.
Маҷлиси миллию ҳам Маҷлиси намояндагон
Ҷамъ оянд аз барои кору қонун ҳар замон.
Ҳаст Маҷлис бо вакилон доимо андар амал,
Чунки касбӣ ҳаст, чандин масъала созанд ҳал.
Маҷлиси Олӣ гаҳе пӯшида ҷамъомад кунад,
Баҳри ҳалли мушкилоте дур аз раҳ сад кунад.
Чун Президент бошад Сарвари ҳокимият,
Ҳар якеро ҳаққи таъйин дораду ҳам таҳният.
Пеш аз иқдом Сарвар мекунад савганд ёд,
Уҳдаҳо, ҳам нав кафолатҳо ба худ гирад зиёд.
Чунки Сарвар мешавад бар садри олӣ интихоб,
Ҳини савгандаш бимонад даст бар Қонункитоб.
Чун зи рӯи ин бигашта Раҳбари мо интихоб,
Дар сиёсат Пешво шуд Сарвари олиҷаноб.
Худ Президент самту раҳ муайян мекунад,
Халқро даъват ба самти роҳи равшан мекунад.
Саргаҳи таъйини мансабҳо ба ҳар садру вазир,
Қуввати хурду бузургу такягоҳи ҳар кабир.
Ҳам вазиру Сарвазир ин ҷо Ҳукумат мешаванд,
Ин ҳама бар амри Сарвар дар итоат мешаванд.
Аз мақоми давлатӣ то бар мақомоти маҳал,
Дар деҳу шаҳру вилоят карда хуш бо ҳам амал.
Садри олӣ, садри аъзам ин Президенти мост,
Раҳбару Сарвар ба халқ аст, ӯ ягона Пешвост!
Иқтисоду рушд, фарҳангу маориф ҷобаҷо,
Ҳам забону расму оин, урфу одатҳо зи мо.
Қисми Қонуни асосӣ ҳаст доду ҳукму Суд.
Ҳар қарор аз адл оранду адолат беҳудуд.
Суди Олӣ, Суди Қонуни асосӣ, иқтисод,
Ҳар яке бо ҳукми худ дар ҷамъ бошад иттиҳод.
Суд дар кораш ба Сарқонун итоат мекунад,
Дар қарори худ адолатро риоят мекунад.
«Қатл мумкин нест бояд авф кардан», ин аён,
Судро ҳаст ин сухан, ту ҷойи вергулро бидон.
Ҳаркӣ дар ҳифзи ҳуқуқаш мешавад давлат кафил,
Чунки адвокат дар ин кору амал дорад далел.
Ҳифзи қонун карда бас воло бувад прокурор,
Баҳри ҳар иҷрои ҳукм ӯ мебарорад худ қарор.
То риоя беҳ шавад қонуну иҷрояш дақиқ,
Худ ваколатдори он бошад прокурор аниқ.
Сохтору шакли кишвар ҳаст тағйирнопазир,
Ҳаст арзу буму шаҳру кӯҳу дашташ беназир.
Ганҷи Сарқонун бувад иқдоми неки Пешво,
Халқи кишвар гашта бас бо раъйпурсӣ ошно.
Се маротиб матни Сарқонуни мо тағйир кард,
Суфта гашту пурра гашту халқ хуштақдир кард.
Шуҳрати мо шуд зи Сарқонун андар Созмон,
Ҳаст моро чун замину марзу буму осмон.
Ҳаст моро дар сиёсат сабки «дарҳои кушод»,
Дар тиҷорат, ҳам ба ҳиҷрат ҳаст моро гиру дод.
Матни Сарқонун гузорад нақшаи ояндаро,
Баҳри ҳар як фарди кишвар ғояи пояндаро.
Ҳомии Қонуни мо бошад ба кишвар Садри он,
Ҳам кафили ҳаққи инсон, эътибору қадри он.
Ҳаркӣ дорад шаъну номусу виқору нангу ор,
Дар амал иҷро кунад фармуди онро устувор.
Бод Сарқонун ба рӯйи мизи ҳар як хонадон,
То бихонему бидонемаш маъонӣ ҳар замон.
Эй Ниҳонӣ, ҳаст ин сон шарҳи Сарқонун зарур,
Ҳаркӣ омӯзад, бигардад аз хатову айб дур.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
