Ҳисор. 140 кӯдак соҳиби боғчаи нав мешаванд
Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи маориф омӯзгори муассисаи таълимии рақами 88-и шаҳри Ҳисор Бободавлат Раҷабов ҳамроҳи фарзандонаш тасмим гирифтанд, ки дар деҳаи Обигарми деҳоти Навобод муассисаи хусусии томактабӣ бунёд намоянд.
Имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар муассисаи мазкур идома дошта, он барои 140 кӯдак пешбинӣ шуддаст ва дар оянда аз ҳисоби заминҳои ҳамшафати муассиса сохтмони он васеъ ва имконияти фарогирии бештари кӯдакон дар назар дошта шудааст. Тибқи иттилои масъулин, дар боми бино барои таъмини муассиса бо барқи доимӣ батареяҳои офтобӣ насб карда мешаванд.
Бинои кӯдакистон дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар он кӯдакони деҳаҳои Обигармӣ, Лолагӣ, Мавлонҷар, Хирманак, Сулаймонӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Субҳониддини МАҲМУД,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
