Бунёди 10 га боғи нав дар деҳаи Шитами Шуғнон
Дар деҳаи Шитами ноҳияи Шуғнон бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар масоҳати 10 гектар боғи нави мевадиҳанда бунёд гардид, ки дар он зиёда аз 4000 бех ниҳоли мевадиҳанда, аз қабили себу зардолу, шинонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки соли гузашта низ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар ин мавзеъ боғ бунёд гардида, ҳоло аксарияти дарахтони он нашъунамои хуб доранд.
Ҳадаф аз бунёди чунин боғҳо татбиқи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023-2037», вусъати корҳои ободонию созандагӣ, кабудизоркунӣ ва васеъ намудани майдони онҳо мебошад.
Ин иқдом дар доираи сиёсати буёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифти экологии ҷомеа, кабудизоркунӣ ва кам кардани ҳама гуна партовҳо мебошад.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
