https://sadoimardum.tj

Маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд

01 июн 2026, 15:15
6

28-уми майи соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси маркази «Тоҷикшиносӣ» таҳти унвони «Шарҳу тавзеҳи консепсияи Конуни тамаддуни ориёӣ» маҳфили навбатии «Тоҷикшиносӣ» баргузор гашт.

Лутфия Абдулхолиқзода, директори Китобхонаи миллӣ оид ба аҳамияти омӯзиш ва таҳияи консепсияи илмии Конуни тамаддуни ориёӣ, нақши он дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва рушди тафаккури миллӣ ибрози андеша намуд.

Дар ҷараёни маҳфил масъалаҳои марбут ба тамаддуни ориёӣ, арзишҳои миллӣ, нақши таърих дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва аҳамияти илмии консепсия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: