https://sadoimardum.tj

Айлодара соҳиби мактаби замонавӣ мегардад

01 июн 2026, 15:17
14

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Айлодараи ноҳияи Ховалинг сохтмони бинои нави таълимӣ бо тарҳи муосир идома дорад. Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳия Тағаймурод Холов иттилоъ дод, муассиса аз ду ошёна ва 10 синфхонаи таълимӣ иборат аст.

Сохтмони бинои таълимӣ пурра ба анҷом расида, он дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад. Иттилоъ гирифтем, ки дар бинои муассиса аз синфхонаҳои фаннии компютер, химия, биология, таълими меҳнат, хонаи омӯзгорон ва маҷлисгоҳ иборат аст.

Илова бар ин, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар назди МТМУ №№51, 35, 17, 8 ва 48-и ноҳия 38 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода мешавад.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: