Саёҳат тавассути автобусҳои сурх оғоз гардид
30-юми майи соли равон дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Саёҳат тавассути автобусҳои сурх» («Red Bus Tours») оғоз гардид.
Дар ин бора аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Лоиҳаи мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии «King Tour» ва «Somon Travel» бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкони зарфияти сайёҳии пойтахт, ҷалби бештари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоиди фароғатӣ барои сокинону меҳмонон амалӣ мешавад.
Иттилоъ гирифтем, ки рӯзи нахустини мавсими нав, саёҳат тавассути автобусҳои дуқабата ройгон ташкил карда шуд, ки даҳҳо сокинон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе боздид карданд.
Мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» то моҳи октябри соли 2026 идома меёбад. Саёҳат рӯзҳои истироҳатӣ ва минбаъд вобаста ба талаботи сайёҳон тавассути хариди чиптаҳои электронӣ ташкил карда мешавад.
Ҳамчунин, дар хатсайри Душанбе - Ҳисор низ фаъол шуда, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе амалӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки ташаббуси «Red Bus Tours» аз соли 2024 амалӣ гардида, дар ин муддат миёни сокинон, меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ маҳбубияти зиёд касб намудааст.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
