https://sadoimardum.tj

Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар Ҷ. Расулов

№:67 (5119), 04 июн 2026, 17:17
4

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳоло бунёди се кӯдакистон ва дар назди панҷ муассисаи таълимӣ сохтмони биноҳои иловагӣ ҷараён дорад, ки ба беҳтар намудани шароити таҳсилу тарбия мусоид менамоянд.

Иншооти мазкур бо саҳмгузории соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохта шуда, баъд аз ифтитоҳ мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ, бартараф мегардад.

Мавриди зикр аст, ки соли гузашта бо иқдоми соҳибкорон ва сокинони деҳаи Ғӯлакандоз сохтмони муассисаи таълимии дорои 24 синфхона оғоз гардид. Ин муассиса барои таълими 720 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Соли равон бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон ва аҳолӣ сохтмони майдону толорҳои варзиш дар назди кӯдакистонҳои рақамҳои 6, 21 ва 23 оғоз ёфта, қарор аст моҳи сентяб­ри соли ҷорӣ ба истифода дода шаванд.

Ба гуфтаи корманди шуъбаи маорифи ноҳия Баҳодур Одилзода, дар семоҳаи аввали соли 2026 дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 31 ва 32 ҳашт синфхонаи иловагӣ тариқи ҳашар бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, дар кӯдакистонҳои рақамҳои 6, 9, 21 ва 23 сохтмони майдончаҳои варзиш идома дошта, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд. Иншооти мазкур, асосан, бо саҳми падару модарон ва соҳибкорони меҳандӯсти маҳаллӣ бунёд хоҳанд шуд.

Н. ТУРСУНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: