Ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо дар Ватан
ё ибтикоре, ки кори муҳоҷирони меҳнатиро бамаротиб осон менамояд
Минбаъд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нияти кор дар Федератсияи Россияро доранд, қисми зиёди расмиёти зарурӣ, аз қабили гирифтани маълумотнома оид ба муоинаи тиббӣ, изи ангушт, супоридани имтиҳон оид ба донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Россияро метавонанд пеш аз сафар дар дохили кишвар анҷом диҳанд. Муҳоҷирони меҳнатӣ пас аз ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Россия танҳо патент гирифта, ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ менамоянд.
Муқаррароти мазкур дар Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия аз 17 апрели соли 2019 зикр шудааст, ки онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш тасдиқ намуд.
Зимни баррасӣ дар Маҷлиси намояндагон вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода протоколи мазкурро як қадами ҷиддии дигар дар самти фароҳам овардани шароити зарурӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ арзёбӣ кард.
Ба андешаи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Миршакар Ҷалолзода, протокол бо мақсади баланд бардоштани самаранокии татбиқи созишнома, ҳавасмандӣ ба истифодаи муҳоҷирати меҳнатӣ тариқи муташаккилона, омода намудани кадрҳои баландихтисос бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи бозори меҳнати Федератсияи Россия ба қувваи корӣ ва таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷои кори арзанда, қонунӣ ва бехатар дар Федератсияи Россия таҳия гардидааст.
Қобили зикр аст, ки давоми як моҳ Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия аз 17 апрели соли 2019 дувумин санаде буд, ки барои бартараф кардани мушкилоти дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ҷойдошта қабул шудааст. Пеш аз он Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташхиси тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Россия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ қабул шуда буд, ки мувофиқи муқаррароти он шаҳрвандоне, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия рафтанианд, метавонанд минбаъд ташхиси тиббиро дар Тоҷикистон гузаранд.
Созишномаи мазкур барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои табъид, яъне депортатсия ва иҷозати кор бо сабаби мушкилоти тиббӣ, таъмин кардани шароити хубтар, инчунин, кам намудани хавфҳои эпидемиологӣ равона гардидааст. Ғайр аз ин, гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар дохили кишвар дар муқоиса ба Федератсияи Россия бамаротиб арзонтар аст. Дар муассисаҳои тандурустии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхис барои як нафар 240 сомонӣ ва дар муассисаҳои хусусӣ 300 сомонӣ муайян шудааст. Ҳол он ки дар Федератсияи Россия чунин муоинаҳо аз 8 то 12 000 рубли русӣ нарх дорад.
Ҳамчунин, дар доираи санадҳои мазкур ҳамкориҳои судманд оид ба тайёр кардани қувваи корӣ мутобиқи талаботи бозори меҳнати Федератсияи Россия аз рӯи барномаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва барномаҳои асосии таҳсилоти касбӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Россия дастгирӣ меёбад.
Бояд гуфт, ки созишномаҳои мазкур ба муҳоҷирони меҳнатӣ шароити хуб фароҳам оварда, баҳри ҳифзи солимӣ ва таъмини бехатарии онҳо мусоидат мекунанд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
