https://sadoimardum.tj

Дар Ҳисор барои 11088 хонанда синфхона бунёд мешавад

№:67 (5119), 04 июн 2026, 17:29
3

Дар шаҳри Ҳисор сохтмони 19 бинои иловагӣ дар назди 19 муассисаи таълимӣ бо 206 синфхонаи иловагӣ барои 9888 хонанда дар ду баст идома дорад. Ҳамчунин, дар назди 7 муассисаи таълимии шаҳр 25 синфхонаи иловагӣ бунёд ва дар он барои 1200 хонанда дар ду баст ҷойи нишаст муҳайё мегардад.

Ҳамзамон, сохтмони муассисаҳои томактабӣ дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор барои 240 нафар, дар деҳаи Лолагии Ҷамоати деҳоти Навобод барои 140 кӯдак ва марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ идома дорад.

Солҳои 2025-2026 аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ду муассисаи томактабӣ ба фаъо­лият оғоз намуда, дар асоси нақшаи генералӣ дар маркази шаҳри Ҳисор 5 кӯдакистони хусусӣ ва 4 муассисаи таълимии нав сохта ба истифода дода мешаванд.

Субҳониддини МАҲМУД,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: