https://sadoimardum.tj

Диди муштарак барои ояндаи устувор

№:67 (5119), 04 июн 2026, 17:32
3

Ҳамовозӣ ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саммити минтақавии экологии Остона

Аз 22 то 24 апрели соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон саммити минтақавии экологӣ таҳти унвони «Диди муштарак барои ояндаи устувор» баргузор гардида, коҳишёбии захираҳои об, тағйирёбии иқлим, мубориза бо биёбоншавӣ ва рушди иқтисоди «сабз» дар меҳвари ҳамоиши мазкур қарор доштанд.

Дар баробари дигар мушкилоти экологии ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфидошта масъалаи хушкшавии баҳри Арал аз солҳои 60-уми асри пор ба масоили фалокатбор бадал гаштааст. Лозим ба ёдоварист, ки ин баҳр дар гузашта дар рушди соҳаҳои иқтисодию саноатӣ ва ташаккули инфрасохтори устувори иҷтимоии минтақаҳои наздисоҳилӣ саҳми бориз дошт. Тавсифи иқлимии ноҳияҳои атрофи баҳр дар давраи пуробӣ ва таҳлили муқоисавии тағйир­ёбии шароитҳои иқлимии даҳсолаи охири пеш аз хушкшавӣ бо ду даҳсолаи аввали баъди хушкшавӣ (солҳои 1960-1969 ва 1970-1979) ду ҳолати комилан баръаксро нишон медиҳад. Мувофиқи мушоҳидаҳо, дар минтақаҳои наздисоҳилӣ ҳавои гарму хушк то 15 дарсад афзуда, намии ҳаво қариб 4 маротиба кам шудааст. Бинобар ин, дар доираи саммити минтақавии экологӣ ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал низ доир гардид, ки масоили марбут ба идоракунии захираҳои об ва буҳрони экологии Арал дар меҳвари он қарор доштанд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки аз соли 1993 ҷиҳати баррасии мушкилоти экологии ҳавзаи баҳри Арал ва андешидани чораҳои зарурӣ барои ҳалли ин буҳронҳо қариб 30 вохӯрию ҷаласаҳои кории сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал доир гардида, дар онҳо ҳуҷҷатҳои муҳим, чун баёнияҳои Нуқус (1995), Алмаато (1997), Ашқобод (1999), Душанбе (2002) ва изҳороти Тошканд (2001), Алмаато (2009), Туркманбошӣ (2018), қабул гардидаанд.

Иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти ташаббускору пешсафи ҳалли масоили ҷаҳонии обу иқлим дар саммити минтақавии экологии «Диди муштарак барои ояндаи устувор» ва ба ҳайси яке аз бунёдгузорони Фонди байналмилалии наҷоти Арал шукуҳу шаҳомоти ин чорабиниро афзуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона сарвари сиёсие мебошанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид 14 ташаббусашонро дар соҳаҳои захираҳои об, тағйирёбии иқлим, криосфераву пиряхҳо ва рушди устувори экологӣ ҷонибдорӣ намуда, дар заминаи онҳо қатъномаҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид бо иттифоқи оро қабул шудаанд.

Инчунин, Пешвои миллат солҳои 2002-2008 ва 2020-2023 роҳбарии раё­сати Фонди байналмилалии наҷоти Аралро ба зимма доштанд, ки нисбат ба сарварии дигар сарони давлатҳои муассиси он бештар аст. Маҳз дар давраи раёсати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи амалҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани вазъи экологӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар ҳавзаи баҳри Арал барои солҳои 2003-2010» ва «Барномаи амал оид ба кумак ба кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал барои солҳои 2021-2030» қабул гардиданд.

Аз ин рӯ, ҳар як иштирок ва суханронии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар чунин ҳамоишҳову чорабиниҳо барои ҳалли мушкилоти экологӣ роҳҳалҳои дақиқу тадбирҳои мушаххасро нишон медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саммити минтақавии экологӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дигарбора тақвияти ҳамкориҳои кишварҳои ҳавзаи баҳри Аралро ҷиҳати бартараф намудани буҳронҳои бузурги экологӣ, аз ҷумла фоҷиаи ин баҳр ва андешидани тадбирҳои минбаъдаи муштаракро таъкид намуда, идома ёфтани талошҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим дар доираи «Раванди оби Душанбе» иброз доштанд.

«Раванди оби Душанбе» иқдоми дигари Пешвои муаззами миллат аст, ки бо мақсади тақвияти талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои муколамаи сиёсӣ, шарикӣ ва амалҳо дар бахши захираҳои об ва рушди устувор рӯйи кор омада, дар доираи он чор конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» доир шудааст. Аз ҷумла, рӯзҳои 25-28 майи соли 2026 Конференсияи чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об баргузор гардид.

Мувофиқи тадқиқоти муштараки коршиносони биологияву метеорология, айни замон зиёда аз 1 млн. намуди набототу ҳайвонот дар ҳоли нобудшавӣ қарор доранд. Бо назардошти ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон зимни суханронӣ дар саммити минтақавии экологии «Диди муштарак барои ояндаи устувор» ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои биологиро дар ҳалли масъалаҳои муҳити зист қадами муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки бо мақсади ҳифзи гуногунии биологӣ ва барқарор намудани экосис­темаҳо дар солҳои соҳибис­тиқлолӣ масоҳати умумии ҳудудҳои махсус ҳифзшавандаи табиӣ дар Тоҷикистон аз 2,5 то 22 фоиз афзоиш дода шуд.

Сарвари давлат аҳамияти Маркази минтақавӣ оид ба идоракунии партовҳоро, ки дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст, хоса арзёбӣ намуда, истифодаи онро ҳамчун платформаи ҷадид ва самараноки минтақавӣ пешниҳод карданд. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири густариши сарчашмаҳои таҷдидшавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, рушди иқтисодиёти камкарбон ва, дар маҷмуъ, иқтисоди «сабз» таҷрибаи ғанӣ дошта, дар шароити имрӯза ба татбиқи механизмҳои рушди «сабз» таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Ҳамин тавр, ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба обу иқлим, ки асосҳои воқеӣ, ҳадафҳои мушаххас ва роҳҳалҳои амиқ доранд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста дастгирию пуштибонӣ ёфта, барои пешбурди манфиатҳои муштараки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва рафъи буҳронҳои глобалии экологӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Номвар ҚУРБОН,

мудири лабораторияи моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ,

номзади илмҳои техникӣ,

дотсент

Ҳамчунин дигар маводҳо: