Мулоқоти ҳайатҳои парламентии Тоҷикистону Чин
24-уми сентябри соли 2026 мулоқоти ҳайатҳои гурӯҳҳои дӯстии парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки барои иштирок дар ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба шаҳри Душанбе омадаанд, баргузор гардид.
Зимни суҳбат иброз гардид, ки муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Чин бар пояи эътимод, эҳтироми мутақобила ва баробарӣ бунёд ёфтаанд. Ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарони олии ду давлат ин муносибатҳо пайваста рушд намуда, барои густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба заминаи устувор фароҳам оварданд.
Таъкид шуд, ки муколамаи байнипарлумонӣ, фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ, ҳамкории кумитаҳои соҳавӣ, табодули таҷрибаи қонунгузорӣ, инчунин, сафарҳои мутақобилаи вакилон метавонанд ба муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо неруи тоза бахшанд.
Ассамблеяи парламентии Осиё ҳамчун майдони муҳими рушди муколамаи байнипарлумонӣ, густариши ҳамкорӣ миёни кумитаҳои соҳавӣ ва табодули таҷрибаи қонунгузорӣ арзёбӣ гардид.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон аз иштироки фаъоли Чин дар Ассамблеяи парламентии Осиё истиқбол намуда, омода аст минбаъд низ дар доираи ин сохтори муҳими парламентӣ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ бо ҷониби Чин ҳамкории созанда дошта бошад.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
