26 сентябр - Рӯзи Маҷлиси Олӣ - парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми муқаддас
Маҷлиси Олӣ - парламенти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии намояндагию қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, нишонаи соҳибихтиёрӣ, волоияти қонун ва масъулияти давлат дар назди ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Парламенти Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, маҳз бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра таъсису ташаккул ёфтааст ва имрӯз барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ фаъолият намуда, дар такмили қонунгузорӣ ва ҳалли мушкилоти шаҳрвандон саҳми назаррас дорад.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқие, ки 6 ноябри соли 1994 доир шуд, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти парламентро гузошт. 25 феврали соли 1995 интихоботи вакилони даъвати якуми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва парламенти Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолияти худро оғоз намуд.
Баъдтар эҳсос шуд, ки барои қабули қонунҳо дар сатҳ ва сифати мувофиқ, сари вақт тасдиқ ва аз эътибор соқит донистани шартномаҳои байналмилалӣ таъсиси парламенти доимӣ ва касбӣ зарур аст. 26 сентябри соли 1999 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйирот, асосан, ба сохтору фаъолияти парламенти касбӣ дахл доштанд ва дар натиҷа, боби сеюми Конститутсия дар таҳрири нав қабул гардид. Сохтори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шуд. Бо назардошти тағйиру иловаҳо парламенти кишвар - Маҷлиси Олӣ таъсис дода шуд, ки аз ду маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҳолатҳои пешбининамудаи Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд. Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунанд ва бо Паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамоянд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ ва сиёсӣ, самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатро муайян намуда, дар он масъалаҳои калидии ҳаёти ҷомеа мавқеи махсус доранд. Дар Паём натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли гузашта ҳамаҷониба таҳлил ва ҷамъбаст карда мешаванд. Роҳбари давлат вазифаҳои мушаххасро барои пешрафти соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ ва иқтисод муайян менамоянд ва таваҷҷуҳи асосӣ ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум тавассути рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ равона мегардад. Ҳамчунин, самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар ва ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар солҳои минбаъда муайян карда мешаванд.
Фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватӣ буда, Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Маҷлиси намояндагон дар тӯли солҳо собит намуд, ки таъсиси парламенти касбӣ мутобиқ ба талаботи давру замон буда, он дар таҳия, такмил ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нақши бузург дорад. Ташаккули Маҷлиси намояндагон яке аз муҳимтарин дастовардҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти парламенти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари намояндагию қонунгузорӣ равобити байнипарлумонию муносибатҳои хориҷӣ мебошад, ки ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ ва созмону ташкилотҳои бузурги ҷаҳонӣ марбут аст. Аз ин рӯ, Маҷлиси намояндагон ба тақвияти ҳамкориҳои судманди байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Бо амалӣ кардани ҳадафҳои ҷомеа - эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ вакилони Маҷлиси намояндагон тавонистанд дар рушди қонунгузорӣ ва ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар саҳмгузор бошанд. Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ки омили калидии таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад, ба фаъолияти самараноки парламент мусоидат мекунад, зеро вакилони халқ дар фаъолияти худ иродаи интихобкунандагони худро амалӣ месозанд. Вакилони Маҷлиси намояндагони даъватҳои гуногун кӯшиш карданд, ки қонунҳои ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум нигаронидашуда ва ба талаботи замон ҷавобгӯйро таҳияву қабул намоянд ва қонунҳоеро, ки ба масъалаҳои сиёсати давлатӣ, рушди иқтисод, маориф, фарҳанг, раванди демократикунонӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дахл доранд, такмил диҳанд.
19 марти соли 2025 дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки вакилони Маҷлиси намояндагон ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо ва ҳалли дигар масъалаҳо манфиати ҷомеа, давлат ва шаҳрвандонро меҳвари фаъолияти хеш қарор диҳанд, инчунин, барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва болоравии сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат содиқона кӯшиш намоянд.
22 июни соли 2023 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он 26 сентябр ҳар сол ҳамчун Рӯзи Маҷлиси Олӣ - парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Таъсиси ин рӯз ба санаи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 26 сентябри соли 1999 асос ёфтааст.
Рӯзи Маҷлиси Олӣ - парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ид барои аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, кормандони дастгоҳҳои ҳарду палата, балки ид барои тамоми халқи Тоҷикистон аст, зеро дар ин рӯзи таърихӣ ба қонуни асосии кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки боиси таҳкими асосҳои демократия ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ гардиданд. Парламенти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки дар кишвари мо қонун ва адолат ҳукмфармост. Ин мақоми муқаддас сипари ҳуқуқӣ, кафолати суботи сиёсӣ ва рамзи ваҳдати миллӣ аст.
Парвиз ШОДИЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссия оид ба одоби вакилон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
