https://sadoimardum.tj

Мулоқоти Файзалӣ Идизодабо Шоҳидул Ислом

№:114 (5166), 25 сен 2026, 16:48
0

24-уми сентябри соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо роҳбари ҳайати вакилони Парламенти Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш Шоҳидул Ислом, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба кишвари мо омадаанд, мулоқот намуд.

Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки мо ба рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Бангладеш, бахусус дар робита ба соҳаҳои иҷтимоиёт ва фарҳанг, таваҷҷуҳ намуда, бар он назарем, ки таҳкими муносибатҳо байни парламентҳои ду кишвар дар доираи Ассамблеяи парламентии Осиё саривақтӣ аст.

- Мо бар он боварем, ки парламент ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузорӣ метавонад чун майдони муколама, табодули таҷриба ва эътимод миёни давлатҳо хизмат намояд. Ҷиҳати таҳкими муносибатҳои байнипарламентӣ ва дипломатияи парламентӣ бо зиёда аз 70 парламенти дунё гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ созмон додаем. Дар ин замина, яке аз масъалаҳое, ки мехостам имрӯз ба он таваҷҷуҳ намоям, таъсиси гурӯҳи дӯстии байнипарламентӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш мебошад, - гуфт Файзалӣ Идизода.

Таъкид шуд, ки гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ метавонад барои муколама, табодули таҷрибаи қонунгузорӣ, ташкили сафарҳои мутақобилаи парламентӣ, таҳкими робита байни кумитаҳои соҳавӣ ва баррасии масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн заминаи мусоид фароҳам орад.

Аҳамияти ҳамоҳангсозии мавқеъҳои парламентҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байнипарламентӣ аз ҷумла, оид ба рушди устувор, тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои об, ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои глобалӣ муҳим шуморида шуд.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: