https://sadoimardum.tj

Баррасии ҳамкориҳои парлумонӣ бо Кипр

№:114 (5166), 25 сен 2026, 16:35
0

24-уми сентябри соли 2026 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода бо раиси Кумитаи Палатаи намояндагони Ҷумҳурии Кипр оид ба масоили гурезаҳо ва шахсони муқими анклавҳо Хрис­тос Христофидис мулоқот намуд.

Гуфта шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Кипр тавассути муколамаи сиёсӣ, ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва тамосҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ тавсеа дорад. Тӯли чанд сол аст, ки ин эҳтироми мутақобила заминаи устувори рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро фароҳам овардааст.

- Мо ба рушди робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Кипр аҳамияти ҷиддӣ медиҳем ва ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи муколамаи сиёсӣ, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳор менамоем. Дар ин замина, мо ба таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, такмили захираҳои инсонӣ, инчунин, ба роҳ мондани робитаҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо аҳамияти махсус медиҳем, - изҳор дошт М. Гулзода.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: