Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд
18 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли эҳтиром ва самимият ба Шумо ва мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико табрикоту таҳнияти инҷонибро ба муносибати расидан ба созиши сулҳ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз менамоям.
Ин рӯйдоди воқеан ҳам муҳим, ки маҳсули иродаи матин ва заҳматҳои пайвастаи Шумо мебошад, барои истиқрори сулҳу суботи фарогир дар минтақаи Ховари Миёна, ҳамчунин, таҳкими низоми амнияти ҷаҳонӣ аҳаммияти калидӣ дошта, ҷиҳати роҳандозии иқдомҳои нави сулҳмоез дар ин ҷода заминаҳои мусоиди устуворро фароҳам меорад.
Тоҷикистон, ҳамчун кишвари сулҳпарвар, аз ин дастоварди муҳим сидқан истиқбол намуда, ҷонибдории худро аз ҳалли ҳамагуна ихтилофоту низоъҳо танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ боз ҳам таъкид мекунад.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Президент, сиҳҳатмандии комил ва комёбиҳои навин, барои мардуми дӯсти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сулҳу осоиши пойдор ва пешрафту шукуфоии бардавом орзумандам».
Ҳамчунин дигар маводҳо:
