Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
18 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Волоҳазрат,
Дар иртибот ба нақши миёнҷигарии созандаи Давлати Қатар дар роҳи расидан ба созиши сулҳ миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Шумо табрикоту таҳнияти самимии моро иброз менамоям.
Мо талошҳои пайвастаи Шуморо дар ҳалли ин масъалаи ҳассос баланд арзёбӣ мекунем. Бовар дорем, ки мувофиқаҳои дар ин замина ҳосилшуда барои таъмини сулҳи фарогир дар минтақаи Ховари Миёна, таҳкими низоми амнияти байналмилалӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва иқдомҳои нави сулҳомез дар ин ҷода заминаҳои устуворро фароҳам месозанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳалли ҳама ихтилофоту низоъҳо тавассути музокироту муколама, аз ин дастоварди муҳимми дипломатӣ сидқан истиқбол менамояд.
Бо таъкиди алоқамандии инҷониб ба пешбурди минбаъдаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд миёни кишварҳоямон, ба Шумо саломатии бардавом ва комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсту бародари Қатар сулҳу субот, некуаҳволӣ ва шукуфоии пойдор орзумандам».
Ҳамчунин дигар маводҳо:
