https://sadoimardum.tj

Танзими низоми энергетикӣ - заминаи рушди иқтисодии кишвар

№:69 (4965), 30 май 2025, 16:05
5

Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ба эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд оғоз намуд. Ҳукумати кишвар барои инкишофи минбаъда чор ҳадафи стратегиро барои рушди иқтисодиёт ба нақша гирифт: расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар.

Барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди энергияи «сабз» мунтазам чораҷӯйӣ шуда истодааст.

Муҳимтарин дастовардҳои соҳа мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, ба монанди неругоҳҳои барқи обии «Сангтуда- 1» (670 МВт), «Сангтуда-2» (220 МВт), «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 «(400 МВт), НБО «Помир-1» (28 МВт) ва як қатор неругоҳҳои барқи обии хурд, сохтмони зерист­гоҳҳои барқии 500 кВ-и «Душанбе-500», «Суғд-500», инчунин, сохтмон ва таҷдиди хатҳои интиқоли барқи шиддатҳои гуногун мебошад.

Ҳоло навсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Қайроққум» ва сохтмони НБО «Себзор» идома дорад. То имрӯз ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Норак» ва се агрегати Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» пурра навсозӣ шуда, мутаносибан иқтидори неругоҳҳо 80 ва 24 МВт зиёд гардид.

Соли 2025 бо таҷдиди се агрегати НБО «Қайроққум» иқтидори он иловатан 24 МВт зиёд гардида, ба 174 МВт мерасад. Инчунин, як агрегати дигар дар Неругоҳи барқи обии «Норак» таҷдид шуда, иқтидори он 40 МВт зиёд мегардад ва сохтмони Неругоҳи  барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 МВт ба анҷом расонда мешавад. Яъне, иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии мамлакат дар соли 2025 танҳо аз ин ҳисоб 180 МВт зиёд мегарданд. Илова бар ин, дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 МВт оғоз хоҳад шуд.

Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дошта, беш аз 50 фоизи корҳои сохтмонии он ба анҷом расидааст. Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони ин иншооти стратегӣ мунтазам чораҷӯйӣ менамояд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 иброз доштанд: «Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад». 

Ҳамзамон, Пешвои миллат масъулини соҳаро вазифадор карданд, ки доир ба татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии соҳа, аз ҷумла лоиҳаҳо дар самти паст кардани талафоти неруи барқ, тадбирҳои муассир андешанд.

Тибқи қоидаю меъёрҳо оид ба истифодаи неруи барқ муштарӣ вазифадор аст, ки бо ташкилоти таъминкунандаи неруи барқ шартномаи дахлдорро ба имзо расонад, тавассути таҷҳизоти ҳисоби барқӣ неруи барқро қабул кунад ва маблағи истифодаи онро сари вақт пардохт намояд. 

Бо назардошти дигаргун шудани муносибатҳои ҷамъиятӣ зарурати қабул намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ ба миён меояд ва қонунгузорӣ танҳо ба тариқи бевосита ворид кардани тағйиру иловаҳо такмил дода мешавад. Бинобар ин, 2 апрели соли 2025 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро қабул намуд. Тибқи тағйироти воридгардида ба моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи неруи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи неруи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти неруи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани тамғаҳои (пломбаҳои) муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи неруи барқ ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, ба шахсони воқеӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 1500 то 2250 сомонӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 2250 то 3750 сомонӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 15000 то 22500 сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст.

Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи неруи барқ, ба ғайр аз ҷавобгарии маъмурӣ, инчунин, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст. Ба Кодекси ҷиноятӣ моддаи 2531 («Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи неруи барқ») илова гардид, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи неруи барқ, инчунин, истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, пешбинӣ менамояд. Яъне, қонунгузор пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ ба гунаҳгор имконияти ислоҳшавиро медиҳад ва агар гунаҳгор ислоҳ нагардад ва дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ боз чунин кирдорро содир кунад, мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор мегирад. 

Барои содир кардани кирдорҳои дар қисми як муқарраршуда ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 27375 сомонӣ то 547 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 41025 сомонӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол пешбинӣ гардидааст. 

Агар кирдорҳои мазкур ба миқдори калон, аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ва ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, мутобиқи қисми 2 ҷазои ҷарима ба андозаи аз 800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 60000 сомонӣ то 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 90000 сомонӣ ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 6 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 3 сол ҷазо дода мешавад. 

Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар ба миқдори махсусан калон ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ содир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 6 то 10 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол ҷазо дода мешавад.

Дар маҷмуъ, ҳадафи асосӣ аз пурзӯр кардани ҷавобгарӣ тавассути ворид кардани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабл аз ҳама, пешгирии ҳар гуна дахолатҳои беасос ва ғайриқонунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, вайронкуниҳои дигар қоида ва меъёрҳои истифодаи неруи барқ ва бо ин васила таъмини истифодаи оқилона ва самараноку сарфакоронаи неруи барқ мебошад.

М. ШЕРАЛИЗОДА, 

Н. ҲАСАНЗОДА, 

вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: