Форуми «Кӯдакони иттиҳод» хотима ёфт
23-юми июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» маросими пӯшидашавии Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» доир гардид.
Дар маросим муовини Котиби генералии Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Абдухалил Ғафурзода ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба ҷониби Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди ташкиливу пурмуҳтаво баргузор намудани Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» изҳори сипос карда шуд.
Зикр гардид, ки дар ҷараёни форум кӯдакон аз фарҳангу тамаддун ва анъанаҳои кишварҳои иштирокчӣ баҳравар шуданд, ки барои тақвияти робитаҳои дӯстона байни намояндагони насли ҷавони кишварҳои иттиҳод муҳим мебошад.
Дар фарҷом ба иштирокчиёни форум «Гувоҳнома» ва «Сипоснома» тақдим ва чорабинии фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки форуми мазкур бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 22 июни соли 2026 дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи «Шоҳин», воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, баргузор гардида, 23 июн дар шаҳри Душанбе идома ёфт.
Дар ҷараёни форум кӯдакон аз як қатор муассисаҳои фарҳангии пойтахт ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,
ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
