https://sadoimardum.tj

СУРУДИ ВАҲДАТ

№:80 (5132), 26 июн 2026, 17:21
2

Ин сафои бахт, ин фирӯзии имони мост,

Ҷашни ваҳдат, ҷашни нузҳат, ҷашни шаъну шони мост.

Ҷашни фарзандони қурбонгашта дар роҳи мурод

Зинда монда дар шукӯҳи мардуми олинажод.

Ҷашни он оби парешоне, ки бо ҳам ошност,

Ҷашни ин марзе, ки хоки ӯ назаргоҳи Худост.

Ҷашни рӯзи рӯзии мо, рӯзгори васли мост,

Ҷашни эҳёи асолат, бозтоби асли мост.

Ҷашни файзи субҳи сулҳу бозгашти офтоб,

Ҷашни фатҳи ҳикмату ин чеҳраҳои бениқоб.

Ҷашни пирӯзии ному тоҷу тахти тоҷикон,

Ҷашни нурафшонии хуршеди бахти тоҷикон.

Ваҳдат ин осоиши ҳар хонадони тоҷик аст,

Рӯшании эзадӣ дар ҷисму ҷони тоҷик аст.

Аз Бадахшону Зарафшон, Суғду Хатлону Ҳисор

Бораи нанги Ватан шуд шонаи мардони ор.

Аз дили таърих бо набзи бузургони диёр

Мерасад пайки саодат, шодбоши ифтихор.

Бар замини Тоҷикистон нури Раҳмон мерасад,

Дил ба армон, cap ба сомон, ҷон ба ҷонон мерасад.

Камол НАСРУЛЛО,

Шоири халқии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: