https://sadoimardum.tj

ВАҲДАТИ МО

№:80 (5132), 26 июн 2026, 17:23
2

Ваҳдати мо дил ба рӯи якдигар во кардан аст,

Чеҳраҳои офтобиро ба дил ҷо кардан аст.

Аз нигоҳи садри олии Ватан бо ҳамдилӣ

Тоҷиконро садршини тахти дунё кардан аст.

Тоҷикони рӯи дунё зодагони ваҳдатанд,

Ҷон ба ҷон бинҳода бо ҳам, ҷон ба ҷони ваҳдатанд.

Чун суруди миллӣ аз бунёди олишони мо

Даъвати ваҳдат кунад овози аждодони мо.

Медиҳад бо фарри яздонӣ зи ваҳдат муждаҳо

Тоҷики сайёраро Эмомалӣ Раҳмони мо.

Ваҳдати олӣ, ки бахти миллати мо гаштааст,

Миллати яктои мо якто ба дунё гаштааст.

Як садо дорад кунун Хатлони мо, Раштони мо,

Як наво дорад кунун Сайҳуни мо, Вахшони мо.

Модари якто кунун модархудои тоҷик аст,

Шири ваҳдат нӯши ҷон гардад ба фарзандони мо.

Эй Ватан! Шукронаҳо, ки хонаи ваҳдат шудӣ,

Хонаи пурбачча аз шукронаи ваҳдат шудӣ!

Ҳақназар Ғоиб,

Шоири халқии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: