«Шоҳнома» ватан дар ватани тоҷик аст
5-уми декабри соли 2023 дар Кохи Ваҳдат Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он иброз доштанд, ки ба хотири огоҳии ҳарчӣ бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба ҳар як оилаи тоҷик тақдим мешавад. Ин ташаббуси созандаи Сарвари маҳбуби кишварро кулли ҳамватанон хуб истиқбол намуданд ва инак чандест, ки тақдими ин туҳфаи арзишманди Пешвои миллат ба ҳар як оилаи тоҷик идома дорад.
Адабиёти тоҷику форс ба дунё нобиғаҳои зиёде додааст. Рӯдакии бузургвор, Абуалӣ ибни Сино, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Хайём ва Ҷомӣ ситораҳои тобони адабиёти ҷаҳонӣ ба шумор мераванд. Ҷаҳон онҳоро не, онҳо ҷаҳонро бо ашъори ҷовидонаи худ зебу фарр бахшида, ҷило дода, боғи маънавиро пур аз меваҳои шаҳдбор намудаанд... Меваҳое, ки руҳи инсонро ғизо мебахшанд, олами ботинии ӯро бою рангин месозанд, ҳисси ифтихор, ғурур, меҳанпарастӣ, ҳамзабонӣ, ҳамдилӣ, донишу хирад, ахлоқи ҳамида, саодатмандиро талқин менамоянд.
Абулқосим Фирдавсӣ, пири достонсароёни машриқзамин, дар радифи нобиғагони олами шеър аз намоёнтарин чеҳраи адабиёти тоҷику форс мебошад, ки тавассути асари безаволи худ «Шоҳнома» дар рушди тамаддуни башарият хизмати мондагор намудааст. Устод Сотим Улуғзода нигоштааст: «Шоири бузурги тоҷику форс Абулқосим Фирдавсӣ даҳ аср пеш достонҳои қадима ва ривоятҳои таърихии халқҳои эронинажодро ба назм даровард ва дар ин кор сӣ сол заҳамат кашид. «Шоҳнома»-и ӯ шоҳасари адабиёти классикии мо мебошад».
Бояд гуфт, ки мазмуну мундариҷаи «Шоҳнома»-и беназири Фирдавсӣ манбаи илҳом ва сарчашмаи эҷоди асарҳои зиёд гаштааст. Шокир Зокир дар китоби «Фирдавсӣ дар шеъри дунё» чунин навиштааст: «Фирдавсӣ «Шоҳнома»-ро офарид ва ин асари маҳсули зиндагияш боиси пайдо шудани садҳо достону шеърҳои шуарои Шарқу Ғарб гашт. Яке ба пайравии ӯ ҳамоса нигошт, дигаре ба вазни шеъраш достон сароид, сеюмӣ образҳои ӯро вориди нигоштааш кард, чаҳорумин ба васфаш шеър гуфт».
Шоирони муосири тоҷик аз устод С. Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ то Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Бозор Собир, Гулназар, Ҳақназар Ғоиб, Алӣ Бобоҷон, Салимшо Ҳалимшо, Фарзона ва дигарон дар васфи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ шеърҳо эҷод кардаанд.
«Дар миёни ин суханофарон руҷӯи устод Ҳақназар Ғоиб ба «Шоҳнома» дорои нигориши хосае мебошад, - навиштааст устоди зиндаёд Зафар Мирзоён дар мақолаи «Фурӯғи сухани Ҳақназар Ғоиб». - Яке аз аввалин шеърҳои Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Ҳақназар Ғоиб дар ин мавзуъ «Хатои шоир» ном дорад».
Ҳақназар Ғоиб аз номи шоир изҳор мекунад, ки мақсади ӯ шуҳрату давлат не, балки «сарнавишти миллаташ» буд ва мехост бидонад кист вориси ҳақиқии тахти Оли Сомон. Фирдавсӣ мебинад, ки Султон Маҳмуди Ғазнавӣ «аслу насаб» ва тахти Сомонро хор кардааст, аз ин дили ӯ ба дард меояд ва мегӯяд:
Оли Сомон каждуме парвард,
Андаруни остини хеш.
Оқибат рӯзе ба ночорӣ
Заҳр хӯрд аз ин раҳини хеш...
Ва аз номи Фирдавсии бузургвор мегӯяд, ки ман чаро аз ин «намакхӯрдаи носипос» шиква намоям, охир ӯ ҳатто ба ҳамин шиква кардан низ арзиш надорад. Адиб сифати аслии Султон Маҳмудро дар шеър ба тасвир дода, шавкати ҷовидонии Эрони бузургро васф мекунад:
Ҳиммати шоир ба ҷӯш омад,
Дид фарши пош кайҳонро.
Шод шуд, ки то фалакҳо бурд,
Шавкати гурдони Эронро.
Соли 1999 китоби шоир бо номи «Ашки Офтоб» аз чоп баромад. Дар ин китоб устод Ҳақназар Ғоиб достоне дорад бо номи «Ҳасрати Фирдавсӣ». Шеъри шоир дар ин достон руҳи эпикӣ-ҳамосӣ дошта, он бо коргирӣ аз услуби тозаву вижа эҷод шудааст. Дар достон шоир дар аввал васфи Ватан -Тоҷикистони азизашро мекунад:
Аё хуни тоза ба шарёни ман,
Ватан, ҷону дил, Тоҷикистони ман.
Зи ҳастии ту ҳастиям ёфтам,
Шукӯҳу забардастиям ёфтам.
Дар достони офаридаи шоир Фирдавсии бузургвор бо қаҳрамонони асари безаволаш гуфтугӯ мекунад ва «дастнависҳои номаи бостонро гирифта, гаҳе аз ғами фардои Ватан ба ташвиш омада, варақҳои «Шоҳнома»-ро бод медиҳад, гоҳи дигар аз фаслкуниҳои ҷаҳон байни Салму Туру Эраҷ ва писаркушиҳои Рустам афсӯсу ҳасрат мехӯрад ва дар кушта шудани Рустам аз ҷониби бародари нохалаф шевану навҳа менамояд».
Яке аз бахшҳои бисёр ҷолиби достон бахши «Навҳаи Фирдавсӣ бар марги Рустам» мебошад. Дар ин бахш Фирдавсӣ бо аламу сӯз чунин мегӯяд:
Туро куштанам худкушӣ буд, оҳ,
Заволе ба даври хушӣ буд, оҳ...
Дар ҷойи дигар аз номи шоир мегӯяд, ки бояд Рустамро намекуштам, зеро:
Ки Рустам ба Эрон ҷигарбанд буд,
Ба хубу бадаш ҷисми пайванд буд.
Нигаҳбони хоки Ватан буд ӯ,
Ба тахти дилу ҷони ман буд ӯ...
Вале аз сарнавишт ҷойи гурез нест. Рустами офаридаи Фирдавсӣ аз дасти душман не, аз ноҷавонмардии бародари хеш кушта мешавад. Шағғод дар роҳи бародар чоҳ меканад ва дар он сарнайзаҳои заҳрогин мегузорад ва аз ин макри бародар Рустам ҳалок мегардад. Шоир бо ҳасрат дар марги Рустам мегӯяд:
...Дареғу дареғи яли саркашам,
Ки дар фурқаташ хишти дар оташам.
Ба номи азизии хоки Ватан,
Ба номи хуши миллати поктан,
Басе дар ҷаҳон ранҷҳо додамаш,
Ба ҳар кушта заҳри бало додамаш
...Ба Исфандиёри ҷавон куштамаш,
Ба марги Сиёвуши ҷон куштамаш.
Ба ҳар гиряаш гиря кардам басе,
Ки ин ғам надидам дигар аз касе...
Ҳамин тавр, дар фасли «Навҳаи Фирдавсӣ ба марги Рустам» устод Ҳақназар Ғоиб ба мо ҳушдор медиҳад, ки Ватанамонро ҳамеша дӯст дорем, ҳувияти миллиамонро боло бардорем, барои бегазанд нигоҳ доштани он ҳушёр бошем, зеро душман ҳамеша дар камин аст. Ҳамин бародаркушиҳо буд, ки сабаби худкушиҳои дигари миллат гардид ва мо ин даҳшатро дар ҷанги бародаркушии солҳои 90-ум низ аз сар гузаронидем:
Дареғ оядам: Рустами Золи Зар
Бишуд ҳайф охир дар ин чархи шар,
Ба чоҳе, ки созад зи макраш башар:
Ба дасти худиҳо кушад душманаш,
Ба доғе наолоядо ҷавшанаш.
Аду ҳам яке нақши «зебо» кашид,
Ба тадбир мағзи сар аз ҷо кашид.
***
…Дар ин арса танҳо зи макри замон,
Каён кушта гардад зи дасти Каён.
…Ба ин нақша шуд МАКР майдониё,
Ки Рустам бишуд сайди қурбониё,
Ғамингӯша шуд қалби эрониё.
Дар ҳақиқат, шоир дар ин достон ҳисси ватандӯстии худро ба намоиш гузошта, як достони пуртаъсире эҷод ва дар он ақидаҳои инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, сулҳпарварию ягонагиро талқин намудааст. Даъватҳои шоир дар ин достон даъватҳои хушку холӣ нестанд, балки нидои дили шоир аст, ки таърихи Ватанро хуб омӯхта, аз оқибатҳои бади он андеша менамояд.
Дар поёни достони «Ҳасрати Фирдавсӣ» шоир Фирдавсии бузургворро бо нигоҳи пур аз хирад, бо либоси сабз ва бо рӯйи нуронии «чун офтоб» тасвир намуда, аз ӯ дуои нек мегирад:
Ба он ҷаннатӣ тарҳи нуронияш,
Саропои хушрӯйи ҳуронияш,
Бидодам ба рамзи дуо хомае,
Ба зарҳалнигорӣ яке номае.
Китоби «Дар бистари нарми гул» бо чаҳорпораҳо бо номи «Тоҷик, сарбадор ва «Шоҳнома» шурӯъ мешавад, ки порае аз сарнавишти таърихии миллати тоҷик буда, бо сӯзу гудози шоирона ва нигоҳи ояндабинона сарнавишти миллати тоҷикро дар бар мегирад ва имрӯзро ба оянда пайванд месозад. Дар саросари ин чаҳорпораҳо руҳи миллӣ, зиракии сиёсӣ, худшиносӣ, якдигаршиносӣ, ақидаҳои фалсафӣ, ваҳдатсароӣ ва ифтихори саросарӣ аз «Шоҳнома»-и безавол танин меандозанд. Шоир хонандагони шеърашро даъват мекунад, ки аз зовияи дидгоҳи «Шоҳнома» худнигарӣ дошта бошанд, ки ин асари ҷовидонӣ «мероси ватанпарастии падарон мебошад».
Устод бо ифтихори миллӣ ва сарфарозӣ изҳор намудааст, ки ин «гавҳар»-и ноёб (яъне «Шоҳнома») мероси гузаштагони бо ору номуси мо мебошад. Мо ба ин Ватани бузург аз дидгоҳи «Шоҳнома» нигарем ва ба паҳноҳои ориёии сарзамин вусъати тозаи нигориши худро пайванд диҳем. Парчами тоҷиконро, ки аз Коваи оҳангар мерос гирифтаему имрӯз зеби Тоҷикистони азиз ва фахри тоҷикони бурунмарзӣ мебошад, бо руҳи баланд худфарозиҳои тозаи ақлонӣ бахшем, ки тоҷикони олам зери парафшонии он ба ифтихороти гузаштаю имрӯзаи худ назари мамнуният дошта бошанд.
Дар мақолаи «Шоҳаншоҳи миллати ишқ» дар китоби «Тоҷик ва тоҷи офтоб» нигоштааст: «Чунин ба мушоҳида мерасад, ки мушкилоти асосии инсон дар ҷаҳони гузашта ва имрӯза дар роҳи ба худшиносии воқеӣ расидан ин роҳро то ба шоҳроҳ нарасонидан, яъне мондан дар нимароҳ будааст». Ба қавли шоир дар вуҷуди ҳар як шахс ҷавҳарест, ки барои «инсонсозии инсон муҳимтарин ҷавҳар» ба ҳисоб меравад ва барои ба роҳи худшиносӣ расидани ӯ кумак мекунад:
«Шоҳнома» Ватан дар Ватани тоҷик аст,
Чун хуни бадан ба ҳамватан наздик аст.
«Шаҳнома» фурӯғи ҷовидони хирад аст,
Бе «Шаҳнома» раҳи хирад торик аст.
Шоир бо ифтихор худро «ориёӣ» меномад ва аз хонандагони ашъораш хоҳиш мекунад, ки «Шоҳнома»-ро чун мероси рафтагони бо ору номус ва ватандӯст бо ихлос эҳтиром гузоранд, зеро мо дар бадан «хуни ориёӣ» дорем, пас барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон - Тоҷикистон бояд камари ҳиммат барбандем:
«Шаҳнома» ба мо зи рафтагон мерос аст,
Мероси ватанпарастию ихлос аст.
Ихлос ба хешу меҳри поки башарӣ,
Он чӣ ки ба хуни ориёӣ хос аст.
Устод Ҳақназар Ғоиб дар васфи «Шоҳнома» аз тамоми истеъдоди шоирии худ истифода бурда, бо руҳи шикастнопазири тоҷикона ва ифтихор аз Фирдавсию «Шоҳнома»-и ҷовидонаи ӯ қаҳрамонӣ, ватанпарварӣ, инсондӯстӣ барин сифатҳоро, ки ба «Шоҳнома» хос аст, ба силки тасвир мекашад ва насли меросдори маънавии «Шоҳнома»-ро даъват менамояд, ки посдори ҳувияти миллию меҳанашон бошанд ва бо иродаи ақлонӣ, ҳушёрии сиёсӣ посдор ва муҳофизи марзу буми аждодӣ буданашонро дар ҷойи аввал гузоранд.
Ноҳира Ҳақназарзода,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ
Ҳамчунин дигар маводҳо:





