https://sadoimardum.tj

Саҳми Тоҷикистон дар таърихи сулҳоварӣ

№:81 (5133), 27 июн 2026, 18:00
5

ё чанд далели муҳим аз талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ваҳдати миллӣ

Сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон, ки имрӯз ҳатто бузургтарин сиёсатмадорони давр, созмону пажуҳишгоҳҳои илмии ҷаҳонӣ онро барои бисёр мамлакатҳои олам нодиртарин намуна дар ҳалли низоъҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дониста, «саҳми Тоҷикистон дар таърихи сулҳоварӣ» ном мебаранд, саҳл ба даст наомадааст. Паҳлуҳои мухталифи масъалаи мазкур дар маҷмуаю асарҳои алоҳида ва суханрониҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтаанд ва аҳамияти бузурги илмиро моликанд. Бо истифода аз ин манобеи муътамад чанд далелеро ба хонандагон пешкаш менамоем, ки бозгӯи ҳақиқати он солҳою он талошҳоянд.

Раванди музокироти сулҳи тоҷикон муколамаи таърихии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик буд, ки аз 5-уми апрели соли 1994 то 27-уми июни соли 1997 зери назари СММ идома ёфтааст.

***

Ин муддат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифин бисту як музокироту гуфтушуниди расмӣ доир намудаанд.

***

Гуфтушунидҳо ҷиҳати имзои созишномаи истиқрори сулҳ дар давлатҳои Россия, Эрон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Афтғонистон дар шаҳрҳои Москва, Теҳрон, Машҳад, Алмаато, Исломобод, Бишкек баргузор гардид.

***

Ин муддат, ки қариб чор солро дар бар мегирад, баробари мулоқоти расмӣ даҳҳо вохӯриҳои ғайрирасмӣ низ анҷом ёфтааст. Дар ин раванд ҳадафи асосӣ таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, ҳарчӣ зудтар ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ намудани миллат буд.

***

Ибтидо тарафҳо ба ҳамдигар эътимод надоштанд ва ҳатто якдигарро душман меҳисобиданд. Ба имзо расонидани ҳар як санади муваққатӣ (аз ҷумла, оташбас дар соли 1994) бо баҳсу мунозираҳои шадид ва мушкилоти зиёд сурат мегирифт.

***

Дар гузаронидани гуфтушунидҳо ва ба даст овардани сулҳ саҳми Пешвои миллат бениҳоят бориз аст. Дар ҳамон шароити хеле душвор ба саҳнаи сиёсат омадани ин марди наҷиб давлату миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот дод. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро ба хатар гузошта, матонату ҷасорати фавқулода зоҳир намуда, дар 7 музокирот иштирок кардаю дар 15 ҳуҷҷат шахсан имзо гузоштаанд.

***

Маҳз, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ташаббускори асосии роҳандозии Консепсияи ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон баромад карда, тамоми нерую заковат ва сабру суботи хешро баҳри истиқрори сулҳи комил равона сохта буданд.

***

Дар баробари чунин талошҳо дар дохил ва хориҷи кишвар шахсоне ҳам буданд, ки ба натиҷаи мусбати ин музокирот ва ҳалли масъалаҳои давлатии Тоҷикистон бо шакку шубҳа менигаристанд ва кӯшишҳои ҷонибҳоро барои ноил шудан ба сулҳу ваҳдат танҳо бозии сиёсӣ мепиндоштанд. Ғайр аз ин, як гурӯҳ душманону хоинони миллати тоҷик низ буданд, ки рӯирост бар зидди раванди сулҳ ва суботи ҷомеа монеаҳои зиёд эҷод менамуданд.

***

Сарфи назар аз оғози гуфтушунид дар минтақаҳои алоҳида задухӯрдҳои низомӣ рух медод ва ин вазъ шадидтар шудан мегирифт, ки музокиротро зери хатар мегузошт.

***

Бо вуҷуди ин мушкилот ва садҳо монеаҳои ҷиддии дигар бо талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид.

Барои ин хизматҳои беназир ва бунёдгузории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии ҷумҳурӣ, Истиқлоли давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикис­тон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи қонуни конститутсионӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат эътироф гардиданд.

Фароҳамсоз Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: