https://sadoimardum.tj

Қатъномаи сулҳ

№:81 (5133), 27 июн 2026, 18:03
3

Бахшида ба эълони «Даҳсолаи байналмиллалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда»

Қабули қатънома шуд барои насли поянда,

Ки ҳатман сулҳ бошад бобақо даҳ соли оянда.

Бишуд иқдом ин аз Пешвои миллати тоҷик,

Тамоми даҳр пазруфтанд ин иқдоми арзанда.

Барои халқи тоҷик шуд аҷаб рухдоди таърихӣ,

Кунад қатъи рақобатҳо чунин иқдоми шоянда.

Ҷаҳон имрӯз дорад сад гиреҳ аз нобасомонӣ,

Шавад ин қатънома уқдаҳоро худ кушоянда.

Пас аз ҳар ҷанг тазмин шуд талофии хисороташ,

Куҷое ҳаст ҳар тифле, шукуфад дар лабаш ханда.

Ҳадаф худ ҳифзи афрод аст дар олам зи офатҳо,

Хушунат рафъ гардад, чун бувад ҳар як барозанда.

Шавад таҳким сулҳ аз хотири иқболи инсонҳо,

Ҳама дунё шавад ободу наврас сарфарозанда.

Чу рушди устувор инсониятро дастрас гардад,

Ба ҳам созанд ҳамкорӣ дар ин дунёи созанда.

Низои ҳизбиёну қавми ноором гардад қатъ,

Рақобат дур гардад баҳри ин ашхоси разманда.

Чи ноором дунё шуд зи қасду кину бадбинӣ,

Кунад пайванд тори кандаро он ғамзудоянда.

Фарогир ин қарори сулҳ шуд арзи сиёсиро,

Чи воло қатънома, ки бишуд ҳар як ба ӯ банда.

Шавад ҳамзистию ҳам пешрафт, амну шукуфоӣ,

Нагардад ҳеч гоҳе одам аз уммед дилканда.

Фазои маънавӣ бояд ҷаҳону ҷумла инсонро,

Мабодо бозмонад з-ин амал гардуни гарданда.

Ва манбаъҳо ҳама гӯянд аз иғвову аз ошӯб,

Фаро гирад ҷаҳон то сулҳ, ваҳдат бод рахшанда!

Навои сулҳи дунёро ба сози меҳр бинвозанд,

Тамоми халқҳо бо ҳам шаванд он гаҳ сароянда.

Ки бар таҳкими сулҳи наслҳо ин авф нофеъ аст,

Қабули ҳуҷҷате бояд, тамоми даҳр бахшанда.

Сиёсат баҳри сулҳ ояд зи минбарҳои олишон,

Низоми машварат бошад рафоқатро физоянда.

Ниҳоде кард бояд дар амал аз баҳри осоиш,

Бувад нозир ба ҳар кирдор аз боло намоянда.

Дабири кул, ки аз ин қатънома баҳравар гардид,

Кунад бо ҳам ҳаме якҷо шарикони пароканда.

Ниҳониё, бикун таҳқиқ афкори ҷаҳонфазлон,

Ки ин иқдом ғамҳоро шуд аз дилҳо рабоянда.

Ҳамчунин дигар маводҳо: