Иштироки вакилон дар конфронси ИП СҲИ
20-25 июни соли 2026 дар шаҳри Боку иҷлосияи 20-уми конфронси Иттиҳоди парламентии Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Шодизода ва Комилҷон Шамшерзода иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ, пешбурди муколамаи тамаддунҳо, густариши дипломатияи фарҳангӣ ва нақши парлумонҳо дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки бо роҳнамоии арзишҳои бунёдии эҳтироми ҳуқуқи инсон, ҳамбастагии байналмилалӣ, ҳамзистии осоишта ва ҳамкории мутақобилан судманд, ки дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва санадҳои байналмилалӣ инъикос ёфтаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди муколамаи байнифарҳангӣ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Дар ҷараёни мубодилаи афкор иштирокчиён саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои обу иқлим, таҳкими амнияти байналмилалӣ, пешгирии таҳдидҳои муосир ва рушди фарҳанги сулҳ дар сатҳи байналмилалӣ баланд арзёбӣ намуданд.
Нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва ҷонибдори пайгиронаи ҳамкориҳои бисёрҷониба, муколамаи тамаддунҳо ва арзишҳои башардӯстона махсус таъкид гардид.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
