https://sadoimardum.tj

Сафари ҳайати парламентии Тоҷикистон ба Чин

№:82 (5134), 01 июл 2026, 16:30
10

Ҷиҳати иштирок дар семинар барои вакилони парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз 21 то 25 июни соли 2026 дар шаҳри Пекин баргузор шуд, ҳайати парламентии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуд.

Дар семинар масъалаҳои тақвияти мубодилаи таҷриба дар бахши идоракунии давлатӣ ва мусоидат ба навсозии ҳамаҷониба тавассути рушди баландсифат, тақвияти ҳамкориҳои гуманитарӣ, мусоидат ба омӯзиши мутақобилаи тамаддунҳо, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ миёни мардумон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: