Вохӯрии Маҳмадшоҳ Гулзода бо Виктор Пинский
30-юми июни соли 2026 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода бо котиби генералии Конфедератсияи умумииттифоқии иттифоқҳои касаба, вакили Думаи давлатии Федератсияи Россия Виктор Пинский мулоқот намуд.
Зимни мулоқот татбиқи созишномаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада, густариши ҳамкории байнипарлумонӣ ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.
Дар рафти суҳбат, инчунин, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия кору фаъолият доранд, аз мавзуъҳои меҳварӣ буданд. Таъкид шуд, ки санадҳои нави баимзорасида дар ин самт заминаи ҳуқуқии ҳамкориро таҳким бахшида, ба такмили низоми танзими муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат мекунанд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, аҳамияти идомаи ҳамкории мақомоти салоҳиятдори ду кишварро ҷиҳати такмили механизмҳои муҳоҷират, фароҳам овардани шароити муносиб, ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва таъмини иҷрои созишномаҳои бадастомада таъкид намуданд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
