https://sadoimardum.tj

Сарвати миллӣ ва кафили амнияти обии минтақа

№:83 (5135), 03 июл 2026, 15:00
5

Тоҷикистон яке аз кишварҳои нодири ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки беш аз 93 фоизи қаламравашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Дар доманакӯҳҳо ва қуллаҳои осмонбӯси ҷумҳурӣ зиёда аз 13 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки онҳо на танҳо сарвати бебаҳои табиат, балки манбаи асосии захираҳои обии Осиёи Марказӣ мебошанд.

Пиряхҳо дар ҳаёти инсон нақши бузург доранд. Онҳо обро дар шакли ях захира намуда, дар фасли гармо тадриҷан озод мекунанд ва дарёҳоро сероб нигоҳ медоранд. Маҳз, ба шарофати пиряхҳо миллионҳо сокини минтақа бо оби нӯшокӣ таъмин гардида, соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика ва саноат рушд меёбанд.

Имрӯз яке аз масъалаҳои нигаронкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ тағйирёбии иқлим мебошад. Баландшавии ҳарорати ҳаво ва тағйирёбии реҷаи боришот ба ҳолати пиряхҳо таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Дар даҳсолаҳои охир олимон коҳиш ёфтани масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳои Тоҷикистонро ба қайд гирифтаанд. Обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ба камшавии захираҳои обӣ, зиёдшавии хатари селу обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ сабаб гардад. Аз ин рӯ, омӯзиши мунтазами пиряхҳо барои пешгӯии чунин равандҳо ва таҳияи тадбирҳои пешгирикунанда аҳамияти хоса дорад.

Солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз ташаббускорони асосии ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об ва иқлим дар сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар натиҷаи ибтикороти пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти вобаста ба обшавии пиряхҳо ва ҳифзи захираҳои обӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Яке аз дастовардҳои муҳими дип­ломатияи Тоҷикистон дар ин самт қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошад. Ин иқдом аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун манбаи ҳаёт ва омили муҳими ҳифзи муҳити зист дар формати комилан дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

Ҳамчунин, солҳои 2025–2034 «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» эълон гардиданд. Ин ташаббус барои густариши таҳқиқоти илмӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби мутахассисон ба омӯзиши пиряхҳо имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Воқеан, дар шароити муосири тағйир­ёбии босуръати иқлим ва обшавии бесобиқаи манбаи асосии оби пок, ҳифзи пир­яхҳо танҳо вазифаи олимон ё сохторҳои давлатӣ нест. Ин масъулияти муштараки тамоми ҷомеа мебошад. Баланд бардоштани маърифати экологӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва дастгирии ташаббусҳои экологӣ метавонанд дар ҳифзи ин сарвати нодири табиат саҳми муҳим гузоранд.

Пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо захираи бузурги об, балки мероси гаронбаҳои табиие мебошанд, ки тақдири наслҳои оянда низ ба онҳо вобаста аст. Аз ин рӯ, омӯзиш, ҳифз ва истифодаи оқилонаи онҳо бояд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ва фаъолияти доимии ҳар яки мо боқӣ монад.

Шуҳрат АҲРОРЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: