https://sadoimardum.tj

Ҷонибдории ташаббуси навбатии Пешвои миллат муборак бошад

№:83 (5135), 03 июл 2026, 15:05
4

Ҳамовозии Раиси Маҷлиси намоян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ба қатъномаи Маҷмаи умумии СММ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036»

25-уми июни соли 2026 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» қатънома қабул намуд.

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар остонаи Ҷашни муқаддаси Ваҳдати миллӣ қабул шудани ин ҳуҷҷати муҳимми таърихӣ хеле мантиқист, зеро Сарвари давлати мо солҳост, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун сулҳофари пуртаҷриба маъруфу машҳуранд ва мардуми Тоҷикистон ҳам баъди пушти сар кардани даҳшатҳои ҷанги таҳмиллии шаҳрвандӣ арзиши волои сулҳу суботро хеле хуб медонад. Ин пешниҳод аз табиати сулҳофариву ваҳдатпарварии миллати тоҷик сарчашма мегирад.

Ҳадафҳои асосии даҳсола мусоидат ба таҳкими сулҳу салоҳ ва ташвиқи муколама ва мусолиҳа дар сартосари ҷаҳон мебошад, то наслҳои оянда аз офати ҷанг ва хушунат дар амон бошанд.

Бешубҳа, татбиқи ин қатънома ба миллионҳо сокини сайёра таъсири мусбат хоҳад расонд, зеро давлатҳои ҷаҳон бо ҷонибдорӣ аз қатъномаи мазкур омодагии хешро барои пешбурди корҳои зарурӣ барои сулҳ ва ҳамбастагии байни наслҳо тасдиқ намуданд.

«Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036», ки саҳми шоистаи миллати тоҷик, бахусус Пешвои муаззами мо дар таҳкими пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии фарҳанги сулҳ аст, аз сӯи мардуми сулҳпарвари ҷаҳон ҳамовозии гарм пайдо хоҳад намуд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: