https://sadoimardum.tj

МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

№:83 (5135), 03 июл 2026, 15:06
5

Боиси фараҳу шодӣ ва ­ифтихормандии беҳади мост, ки ба истиқболи Ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат, алалхусус, дар пойтахти ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе ҳамарӯза иқдому чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ ташкилу баргузор мешаванд ва шукуҳу ҷалоли ин санаи фархундаро боз ҳам муниру мунаввар ­мекунанд.

Воқеан, агар Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик имкони бунёди давлати мустақилро фароҳам оварда бошад, маҳз ваҳдати миллӣ барои пойдории ин давлат ва рушди устувори он замина гузошт, ки дар ҳифзу таҳким бахшидани ин ду падидаи нодири давлатсоз ва халқмеҳвар саҳм ва нақши Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҷаста ва калидӣ аст.

Дар бораи муҳимияти таърихии ин ду падидаи нодири даврони навини давлатдории миллииамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид намудаанд, ки «Ваҳдати миллӣ барои мо на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки шарти асосии бақои давлат, рушди ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардум мебошад».

Ҷои баҳс нест, ки ин суханҳо моҳияти аслии сиёсати давлатдории навини Тоҷикистонро ифода менамоянд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давру замонҳо шахсиятҳои барҷастаи дорои донишу маҳорати фавқулода ва истеъдоди сарвариву ташаббускорӣ ҷомеаро ба сӯйи пешрафту шукуфоӣ раҳнамун сохта, бо ҷоннисориву фидокорӣ ва аз худ нишон додани намунаи олии ободгару созанда, дар бедор кардани ҳисси ватанпарастиву ватандӯстӣ, саҳмгузорӣ дар рушди он ва боло бурдани нуфузу эътибори ҷаҳонии Тоҷикистон нақши бориз ва ҳалкунандаро доро буда, дар ин ҷода худ ва манфиатҳои шахсии худро қурбони ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ кардаанд.

Сарвари давлат дар китобашон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» дар боби «Сабақҳои таърих ва озмоишҳои мактаби истиқлолият» иброз менамоянд, ки «Ин ҷанги бемаънӣ ғайр аз оворагию сарсонӣ, ғайр аз адовату хонавайронӣ, ғайр аз талафоти ҷони ҷавонон ба мо чизе надод…

Дар ҳоле, ки давлатҳои соҳибистиқлоли ҳамсоя ба сох­тани роҳҳои оҳану мошингард, кашидани хатҳои интиқоли нафту газ, истихроҷи маъдан ва дигар масоили пешрафти иқтисоиёту иҷтимоиёти мамлакаташон машғул буданд, дар Тоҷикистон ҳангомаҳои якдигаркушӣ авҷ мегирифт, ҷангу набард ва сангарнишиниҳои дастаҳои мухолифин густариш меёфт, садои тиру туфанг ва тӯпу танк халқи осоиштаро ба ҳарос меафканд».

Тавре ҳамагон ба ёд дорем, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи ниҳоят мураккаб ва сарнавиштсоз буд, бар асари ҷанги таҳмиллии шаҳрвандӣ ҳазорҳо нафар ҷони худро аз даст доданд, садҳо ҳазор шаҳрвандон муҳоҷир ва гуреза шуда, иқтисодиёти мамлакат зарари бузург дид. Фаъолияти бисёр ниҳодҳои давлатӣ фалаҷ шуд. Таҳдиди аз байн рафтани давлатдории миллӣ воқеӣ буд.

Маҳз, дар чунин шароити ниҳоят ҳассос Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 баргузор шуд, ки ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад. Дар ҳамин иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро ба уҳда гирифта, ба халқи Тоҷикистон муроҷиат намуданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам. Ман тамоми донишу таҷриба ва ҳастии худро барои оромии мардум ва ободии Ватан сарф хоҳам кард».

Ин суханони муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон танҳо як ваъдаи сиёсӣ набуд, балки ба барномаи амали роҳбари ҷавоне табдил ёфтанд, ки масъулияти наҷоти миллатро бар дӯш гирифта буданд.

Дар хотир дорем, ки барқарор намудани сулҳ ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ кори осон набуд, барои расидан ба ризоияти миллӣ даҳҳо мулоқот, музокирот ва сафарҳои хатарнок аз ҷониби муҳтарам Пешвои миллат анҷом дода шуданд. Агар ба солномаи фаъолияти сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он давраҳо назар андозем, мебинем, ки давоми солҳои 1994–1997 музокироти байни тоҷикон дар шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон баргузор шуда, дар ин раванд Пешвои миллат иродаи сиёсӣ, сабру таҳаммул ва фарҳанги баланди сулҳофариро аз худ нишон додаанд, ки маҳз натиҷаи он ҳама таҳаммул ваҳдат ва ризоияти миллии мо гардиданд. Сарвари давлат дар ин бобат борҳо ёдовар гардида, аз ҷумла, иброз намудаанд, ки «Барои ман ҳифзи давлат ва наҷоти миллат аз ҳама гуна манфиатҳои дигар болотар буд».

Дарвоқеъ, маҳз ҷаҳду талош ва азхудгузаштанҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон боис гардиданд, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягонаи мустақил ҳифз шавад, ваҳдати сартосарии он таъмин гашта, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бо суръат рушду тараққӣ ёбанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамияти сулҳ ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба маврид таъкид намудаанд, ки «Сулҳро метавон ба даст овард, аммо ҳифз ва таҳкими он аз ба даст оварданаш мушкилтар аст». Ин андеша имрӯз низ аҳамияти бузург дошта, аз мо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва, пеш аз ҳама, қадршиносиву посдории ин неъмати бабаҳоро тақозо мекунад.

Пас аз барқарор шудани сулҳ дар ҷумҳурӣ марҳилаи нави давлатсозӣ оғоз гардида, дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои давлатӣ пурра фаъол гардиданд, низоми молиявӣ ва иқтисодӣ барқарор шуд, амнияти миллӣ таъмин гардид, барномаҳои бузурги рушди иқтисодию иҷтимоӣ ба роҳ монда шуданд ва сатҳу сифати зиндагии мардум рӯз ба рӯз беҳтар шудан гирифт.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо километр роҳҳои байналмилалӣ бунёд гардида, нақбҳои стратегии нақлиётӣ ба истифода дода шуданд, иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ чандин маротиба афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ ба таври назаррас коҳиш ёфт ва Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳҷӯву созанда дар ҷаҳон эътироф гардид, ки самараи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошанд.

Натиҷаҳои сулҳу ваҳдати миллӣ имрӯз, пеш аз ҳама, дар симои шаҳри Душанбе баръало намоён аст. Пойтахти азизи мо ҳоло ба маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дипломатии минтақа табдил ёфта, дар солҳои охир бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарии дурандешонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар он садҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ, маърифатӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ сохта ва ба истифода дода шуд.

Воқеан ҳам, имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои ­бисёр давлатҳои ҷаҳон намунаи муваффақи оштии миллӣ ба ҳисоб меравад. Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои дигари байналмилалӣ ва коршиносони барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи Тоҷикистонро ҳамчун намунаи беназири муколама ва созиш эътироф намудаанд, ки ҷавҳари ин ҳама муваффақиятро маҳз сиёсати хирадмандона ва иродаи қавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил дода, дар таърихи давлатдории тоҷикон, пеш аз ҳама, ҳамчун бунёдгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва эҳёгари давлатдории миллӣ бо хатҳои заррин сабт гардидааст.

Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки сулҳу ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди даврони истиқлолияти Тоҷикис­тон мебошад. Ваҳдате, ки бо ҷоннисорӣ, заҳмат ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Ваҳдате, ки ба Тоҷикистон суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва обрӯи байналмилалӣ овард.

Ваҳдате, ки имрӯз кафили зиндагии осоиштаи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Аз ин рӯ, ҳифзу таҳкими ваҳдати миллӣ ва пос доштани заҳмату талошҳои бунёдгузори он - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарзи фарзандию шаҳрвандӣ ва вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.

Пос доштану арҷгузорӣ кардан ба заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посу гиромӣ доштани Истиқлолият, Ваҳдат ва даврони навини давлатдории миллист!

Дилбар ОДИЛЗОДА,

муовини Раиси шаҳри Душанбе

Ҳамчунин дигар маводҳо: