Файзалӣ Идизода бо Марям бинти Абдуллоҳ суҳбат намуд
2-юми июли соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар хонум Марям бинти Абдуллоҳ Ал-Аттийя мулоқот намуд.
- Ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо ҷиҳати такмили қонунгузорӣ, таҳкими институтҳои миллӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон тадбирҳои пайгирона амалӣ гардида истодаанд.
Шумо, албатта, огаҳ ҳастед, ки дар баробари ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти дипломатияи об аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи сулҳ ҳамчун усули калидӣ пешниҳод шуда, ки ба таҳкими ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таъсиргузор аст.
Қабули қатъномаи СММ, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» пешниҳод гардид, аҳамияти умумиҷаҳонӣ дорад, зеро дар қатънома ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ, ба вижа иродаи «наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг» ва уҳдадории ҳалли мусолиматомези баҳсҳо, бозтоб ёфтааст. Он, инчунин, аҳамияти Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳро ҳамчун ваколати умумиҷаҳонӣ барои таблиғи фарҳанги сулҳ ва адами хушунат эътироф менамояд, - гуфт Файзалӣ Идизода.
Изҳори итминон шуд, ки мулоқоти ҷонибҳо барои таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қатар, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва тавсеаи муколамаи доимии созанда байни ниҳодҳои давлатии ду кишвар натиҷаҳои арзишманд ба бор хоҳад овард.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
